Барои интиқоли гӯшти моҳӣ аз кӯлҳои ноҳияи Мурғоб ба Хоруғ шароит фароҳам оварда шуд

Август 10, 2019 11:04

ХОРУҒ, 10.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкори маҳаллӣ Идибек Фароғатов мошини дорои яхдон, ки нархи он 70 ҳазор сомонӣ аст, харида, ба  ихтиёри Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузошт.

Ба гуфтаи сардори раёсати мазкур Мулкамон Назаралиев, «ҳарчанд  дар кӯлҳои вилояти Бадахшон моҳии фаровон мавҷуд аст, аммо дар бозору дигар фурӯшгоҳҳои шаҳр  гӯшти моҳӣ пайдо кардан ғайриимкон аст. Агар пайдо ҳам кунед, сифаташ хуб нест.  Тақдими мошини дорои яхдон  минбаъд ба соҳибкорон имконият медиҳад, ки онҳо бозору дӯкон ва ошхонаву қаҳвахонаҳои шаҳрро бо гӯшти моҳӣ таъмин намоянд. Азбаски масофа байни кӯлҳои вилоят ва  маркази шаҳр 250-300 километрро ташкил медиҳад, моҳидорон аз интиқоли он худдорӣ меварзанд. Зеро бар асари гармии ҳаво гӯшти он вайрон мегардад ва соҳибкор ба ҷои фоида аз тиҷорати худ зарар мебинад».

Барои ҷуброни зиён соҳибкор маҷбур аст, ки нархи моҳиро боло барад. Гаронии нарх ба фурӯши саривақтии он монеъ мешавад. Баъди дастрас намудани мошини махсус ин мушкил шояд аз миён бардошта шавад.

Ба гуфтаи сардори Раёсати муҳити зисти вилоят оби кӯлҳои Зоркӯл, Яшикӯл, Сарез ва Трумкӯл мусаффо ва пок буда,   барои парвариши яке аз беҳтарин намудҳои моҳӣ- гулмоҳӣ (фарел) мутобиқу мувофиқ мебошанд. Иқтидори захираи обии ин кӯлҳо имконият медиҳад, ки моҳидорон дар як сол то 40 ҳазор тонна гулмоҳӣ парвариш карда, ба бозор бароранд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев,  соҳибкороне, ки ба хариду фурӯши гӯшти моҳӣ ва чорво аз ноҳияҳои дурдасти вилоят машғул мебошанд, метавонанд аз ин мошин истифода баранд. Онҳо бояд барои дастрас кардани мошини мазкур ва иҷозатнома барои шикори моҳӣ ба Раёсати ҳифзи муҳити вилоят муроҷиат намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 52 намуди моҳӣ мавҷуд аст. Соли гузашта қариб 290 тонна моҳӣ ба бозор бароварда шуд. Аммо дар бораи парвариш ва фурӯши моҳӣ дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арқоми дақиқ вуҷуд надоранд.

Август 10, 2019 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд