Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи «Қалъаи Хумб-Ванҷ», қитъаи роҳи автомобилгарди «Душанбе-Кулма» дар мулоқоти Азим Иброҳим бо ҳайати Чин

Август 16, 2019 17:00

ДУШАНБЕ, 16.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбари ҳайат ва гурӯҳи муҳандисони Донишкадаи банақшагирӣ ва лоиҳакашии роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Душанбе-Кулма», қитъаи «Қалъаи Хумб-Ванҷ» мулоқот намуд.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки дарозии роҳи мазкур 92,3 км мебошад ва он дар қисмати ҷанубу шарқии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ҷойгир буда, то сарҳади ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тӯл кашидааст.

Дар бунёди ин иншоот  сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 км, 67 адад қубури селпарто бо андозаҳои гуногун, 5 долони муҳофизатӣ бо дарозии 490 м, 15 кӯпрук бо дарозии 634 м, 180 адад деворҳои нигоҳдории сунъӣ бо дарозии 21,8 км, 54 км деворҳои муҳофизавӣ, 13 адад ҷӯйборҳои кушода бар ивази долонҳои ҳимоявӣ бо дарозии 1,8км, дар 19 мавзеъ сохтани 12,1 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ тибқи талабот ва меъёрҳои роҳсозӣ пешбинӣ шудааст. Айни замон ин қитъа мушкилгузартарин қитъаи шоҳроҳи автомобилгарди “Душанбе-Кулма” барои ронандагон ба шумор меравад.

Ҳайати чинӣ иброз намуданд, ки онҳо ҳайати ҳирфаии муҳандисони донишкадаро барои дақиқ гузаронидани корҳои лоиҳакашиву баҳодиҳӣ ҷалб намудаанд ва интизорӣ доранд, ки дар вақти дидани мавзеъҳои амалисозии лоиҳа онҳо дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва муҳандисони Маркази татбиқи лоиҳаҳои роҳсозии “Душанбе-Чанак” ҳамаи паҳлуҳои сохтмонии иншоотро пурра аз назар гузаронида, корҳои заруриро барои ҳарчи тезтар оғоз кардани корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонанд.

Аз намояндагони институтҳои илмиву татқиқотии ҳарду кишвар даъват ба амал оварда шуд, ки зимни азназаргузаронӣ ва баҳодиҳӣ ба омилҳои ҳаракати душвори роҳ дар шароити кӯҳистон, мавзеъҳои осебпазири омадани сел ва тарма, дуруст пешбинӣ намудани долон ва деворҳои муҳофизатӣ ва бо сифат анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

«Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ин роҳ идомаи мантиқии содагардонии тиҷорат ва сарфаи вақту сармоя барои доираи васеи соҳибкорони кишварҳои минтақа ба шумор рафта, кушодани имкониятҳои муосирро барои баромадан ба давлатҳои дигар ба таври доимӣ таъмин месозад»,- гуфт муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим.

Август 16, 2019 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад