Беш аз 100 ҳазор нафар хонандагони Ҳисору Турсунзода ва Шаҳринаву Рӯдакӣ бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин мегарданд
РӮДАКӢ, 17.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ «Нассоҷии тоҷик»-и шаҳри Душанбе, ҶДММ «Дилшод», ҶДММ «Таъминот 2013», корхонаи дӯзандагии «Азиз-компания», коргоҳи дӯзандагии Умеда Абдуллоева, ҶДММ «Фаррух КО», корхонаи дӯзандагии «Машҳур», ҶДММ «Ахтарони Вахш» ва корхонаҳои истеҳсоли либоси мактабии «Даҳбед», «Нури ирфон», «Шарофат», «Коллеҷи омӯзгорӣ»-и шаҳри Ҳисор дар асоси шартномаҳои баста бо муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур ярмарка-фурӯши либоси ягонаи мактабӣ доир намуда истодаанд.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаҳои маориф, корхонаҳои мазкур дар соли хониши 2019-2020 ба 110 ҳазору 210 нафар хонандагони мактабҳои Турсунзодаю Ҳисор ва Рӯдакию Шаҳринав бояд бо нархҳои дастрас либосҳои босифати ягонаи мактабӣ пешниҳод намоянд.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз 52 ҳазору 166 нафар хонандаи ин шаҳру ноҳияҳо бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин шудаанд.
Корхонаҳои дӯзандагии мазкур дар ин шаҳру ноҳияҳо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, имрӯзҳо садҳо нафар занону бонувони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар оянда истеҳсоли васеи либосҳои мактабӣ ва бачагона дар корхонаҳои мазкур метавонад барои таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ таъсири мусбат расонад.
Инчунин корхонаҳои мазкур дар асоси сиёсати хайрхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони ятими кулл, нимятим, камбизоат ва хонандагони мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои мазкурро ройгон бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин менамоянд.
Корхонаи дӯзандагии “Даҳбед”-и шаҳри Ҳисор ба дӯхтани либосҳои мактабӣ ва тавсиявӣ машғул буда, соли 2019 ба 10 000 нафар хонандагони 20 муассисаи таълимии деҳоти шаҳри Ҳисор либоси ягонаи мактабиро бо нархҳои аз 170 то 190 сомонӣ пешниҳод намуд. Корхона бо таҷҳизоти замонавии дӯзандагӣ муҷаҳҳаз буда, дар он 17 нафар занону бонувони шаҳри Ҳисор фаъолияти доимӣ доранд.
Дӯзанда Гулрухсор Икромова мегӯяд, ки “баъди ташкили ин корхона дар шаҳри Ҳисор мо, занони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидем. Дар баробари ин мутахассисони варзида аз вилояти Суғд нозукиҳои дӯхти либосҳои мактабиро ба мо омӯзонданд. Ҳоло мо ба ҳайси мутахассисони ботаҷриба ба воситаи Раёсати шуғли аҳолии шаҳр ба занону бонувони бекор нозукиҳои ин касбро меомӯзонем”.
Масъулини корхонаи дӯзандагии “Даҳбед” гуфтанд, ки соли 2018 зиёда аз 150 нафар хонандагони ятиму бепарастору камбизоатро ройгон бо либоси мактабӣ таъмин намудаанд ва ин амалро имсол низ идома хоҳанд дод.









«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад






