БОРИ АВВАЛ БА СИНФИ АВВАЛ! Давраи омӯзишӣ барои кӯдаконе, ки нахустин маротиба ба мактаб мераванд, оғоз гардид

Август 1, 2019 16:56

ДУШАНБЕ, 01.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Барномаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил ба синфи 1-ум (барои як моҳ), ки бо Қарори мушовараи Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардидааст, имрӯз дар тамоми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳру навоҳии мамлакат таҳсили ибтидоии хонандагони синфҳои 1-ум барои соли хониши 2019-2020 оғоз гардид.

Саҳни ҳавлии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 (МТМУ№8)-и шаҳри Душанбе  дар баробари дигар мактабҳои ҷумҳурӣ имрӯз пур аз волидон ва кӯдакони хушбахте буд, ки имсол бори нахуст по ба остонаи мактаб ниҳодаанд.

Ёсина Ашурзода яке аз онҳоест, ки  ҳамчун  хонандаи синфи 1-ум ба ин мактаб омадааст.  Ӯ мегӯяд, баъди он, ки аз боғча онҳоро ба хотири рафтан  ба мактаб ҷавоб доданд, хеле зиёд ин рӯзро интизорӣ кашид.  Ин кӯдаки хушбахту хурсанд фикр мекард, ки ӯ бо либоси махсус ва дигар лавозимоти  мактабӣ, аз қабили  китобу қаламу дафтар ва ҷувздон ба дабистон меояд, аммо барояш маълум гардид, ки ҳоло танҳо давраи шиносоӣ бо мактаб, муаллими аввалин, тарзи дуруст ба синфхона ворид шудану  нишастан ва монанди инҳоро то оғози соли хониш, яъне 1 сентябр меомӯзанд. Ин ҳама барояш бисёр шавқовар менамуд ва мехост ҳар чӣ зудтар ба он синфе, ки дар оянда таҳсил мекунад, ворид шаваду  сухани муаллими худро шунавад.

Дар ибтидо директори ин муассисаи таълимӣ Парвина Меликова ҳамаи волидон ва хонандагони синфи якумро хуш истиқбол гирифта, барои ин  дӯстрӯякони хушиқбол хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ таманно намуд. Номбурда изҳор дошт, ки «бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Имрӯзҳо дар саросари мамлакат ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди бинову иншооти гуногун, аз ҷумла мактабҳои замонавӣ бо суръат ҷараён дорад ва ҳафтае нест, ки мо шоҳиди ба истифода додани ин ё он бинои мактаб нагардем».

Директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 аз шароиту имкониятҳои замони имрӯз ёдовар шуда, илова намуд, ки «акнун ҳама имкониятҳо барои таълиму тадрис фароҳам оварда шудаанд, танҳо  мо бо  масъулият бояд пайи баланд бардоштани савияи дониши хонандагон бошем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, то насли навраси мо ҳамаҷониба соҳиби илму маърифат гардад. Аз волидайне, ки имрӯз фарзандони худро ба мактаб оварда буданд,  даъват ба амал овард, ки барои таълиму тарбияи дурусти онҳо робитаро бо мактаб зич ба роҳ монанд ва танҳо рӯзу моҳҳои аввали соли хониш не, балки то хатми синфи 11-ум таваҷҷуҳро аз онҳо канда накунанд».

Сипас  хонандагони ба синфи якум номнависшударо  ба гурӯҳҳо  тақсим намуда, бо муаллимони аввалинашон вориди синфхонаҳо намуданд. Аз ин фурсат истифода бурда, хостем бо директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии №8 Парвина Меликова суҳбат анҷом диҳем. Номбурда розӣ шуд ва мо  вориди утоқи корияшон шудем. Баробари воид шудан чизе, ки моро рӯҳбаланд намуд, ин хеле зиёд ва зебо ҷо ба ҷо  гузошта шудани  ифтихорнома, диплом  ва ҷомҳое буд, ки мактаби мазкур аз озмуну олимпиадаҳо ба даст овардааст. Мо хостем суҳбати мо аз ҳамин дастовардҳои як соли охири ин муассисаи таълимӣ оғоз шавад. Аз ин лиҳоз аз муаллима пурсидем: 

АМИТ «Ховар»: Шумо дар якҷоягӣ бо устодону омӯзгорони МТМУ №8 бо кадом дастовардҳо ва чӣ фарқиятҳо нисбат ба солҳои қаблӣ соли хониши гузаштаро ба анҷом расонидед?

Парвина Меликова: «Солҳои хониши 2018-2019 барои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 хеле бобарору хотирмон ба шумор меравад, зеро нисбат ба солҳои қаблӣ иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо дар дохил ва хориҷи мамлакат ва сазовор шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ хеле зиёд ба қайд гирифта шуд.  Ҳар сол дар  муассиса  аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ олимпиадаҳо гузаронида мешаванд ва беҳтаринҳо дар  олимпиадаҳои  ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва байналхалқӣ ширкат менамоянд. Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ ҳангоми дохилшавӣ ба мактабҳои олии ватанию хориҷӣ аз имтиёзҳо бархурдоранд.

Мояи хушҳолии мост, ки муассиса бо 18 ҷойи  беҳтарин дастаи олимпии муассисаҳои таълимии шаҳри  Душанбе  хонда шуд ва  соҳиби шоҳҷоиза  гардид. Дар олимпиадаи ноҳиявӣ 29 нафар хонанда аз фанҳои гуногун сазовори  ҷойҳои намоён  гаштанд. Аз байни 29 нафар  дар олимпиадаи даври шаҳрӣ 17 нафар хонанда соҳиби  ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм гаштанд. Ҳамзамон  аз 5 нафар хонандаи  синфҳои  11-ум, ки ба даври чорум, яъне ҷумҳуриявӣ роҳхат  гирифта  буданд, 2 нафар соҳиби ҷойи 1-ум ва 2-юм гардиданд. Хонандагони  синфи 9-уми «Д» Хосиятбону Ҷалилзода  ва Анушервон Шерхонов  дар  8-умин олимпиадаи байналмилалӣ байни  мактаббачагон аз фанни  математика, ки  аввал  дар   Ҷумҳурии  Қазоқистон ва  сипас  дар Донишгоҳи Амитии  шаҳри Ноидаи Ҷумҳурии  Ҳиндустон баргузор шуд, соҳиби  ҷойи 3-юм гардиданд. Дар  байни  хонандагони  хурдсоли мо (синфҳои 1-4) хонандагоне   ҳастанд, ки  аллакай  аз   фанни  математика истеъдоди  худро  нишон  дода  истодаанд. Ба олимпиадаи  «Менталная  арифметика»  айни ҳол 12 нафар  хонандагони  хурдсоли  мо фаро  гирифта  шуда,   аксарияти  онҳо  дорои ифтихорномаҳо  мебошанд.

Тавре медонем, барои хонандагони болаёқат ва аълохон  Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ҳамчунин Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ амал мекунанд. Дар  муассиса  5  нафар  гирандагони  Стипендияи  Раиси  шаҳр  ва  2  нафар  гирандагони  стипендияи  Раиси  ноҳия  мебошанд. Воқеан зарфи солҳои хониши 2018-2019 комёбиҳои хонандагони мо хеле зиёд буданд ва бо зикр намудани  ду  муваффақияти дигари онҳо иктифо мекунам.

Тибқи «Барномаи давлатии  дарёфт ва  рушди  истеъдодҳо барои  солҳои 2015 -2020»  хонандагони  синфҳои 6-уми муассиса Сино Нуров, Мадина Иномова  ва Ясмина Маҳмадӣ  барои  кори илмӣ-тадқиқотии беҳтарин дар  Конференсияи илмӣ-эҷодӣ дар  бахши «Математика  ва  иқтисодиёт» бо дипломи дараҷаи 2 ва  ифтихорномаҳо сарфароз  гардонида шуданд. Инчунин рӯзҳои 21-22 май дар  Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри  Душанбе озмуни «Олимони  ҷавон» шуда  гузашт, ки  дар  он хонандаи  синфи 10-А Моҳрӯ Холмуродова  дар  мавзӯи «Нақши захираҳои обии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  рушди  туризм» баромад  намуда, сазовори дипломи дараҷаи 2 гашт».

АМИТ «Ховар»: Имсол чанд нафар мактабро хатм карданд ва аз рӯйи мушоҳидаҳо чанд фоизи хонандагон барои дохил шудан ба  мактабҳои олии дохилу хориҷ ҳуҷҷат супориданд?

Парвина Меликова: Хатмкунандагони  муассиса дар  соли  таҳсили  2018-2019   138  нафарро  ташкил  намуданд. Аз ин шумора 102  нафарашон  ҳуҷҷатҳои  худро  ба  Маркази  миллии  тестии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  супорида,  36  нафар    ба  хориҷи  мамлакат, аз  ҷумла ба  давлатҳои  Полша, Чин, ба шаҳрҳои Москва, Пенза, Кемерова, Санкт-Петербург, Самара, Саратов, Казан, Уфаи    Федератсияи Россия ва чандеи дигар  ҳуҷҷат супориданд. Аз  инҳо   6  нафарашон   духтарон  мебошанд. Ногуфта намонад, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон имсол аввалин бор ин муассисаи таълимиро як нафар бо медали тилло хатм намуд ва шумораи гирандагони номаи камоли сурх аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 9-ум нисбат ба солҳои қаблӣ бештар гардид».

АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ таълимро ба роҳ мондааст. Мушкилоти норасоии омӯзгорон, хусусан омӯзгорони  фанҳои гуногун бо забони русӣ дар мактаб вуҷуд дорад?

Парвина Меликова:  Бале,  Шумо дуруст гуфтед, таълим   дар  муассиса  дар  ду  баст  ва  бо  ду  забон-  тоҷикӣ ва   русӣ  ба  роҳ  монда  шудааст. Дар  муассиса  айни  замон 125  нафар   омӯзгорон фаъолият  менамоянд, ки  аз  онҳо  98  нафар дорои  маълумоти  олӣ, 21 нафар дорои маълумоти  олии  нопурра ва  6 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд.  Дар ҳақиқат мушкилоти  норасоии  омӯзгорон  ба  мисли  дигар  муассисаҳои  шаҳр  дар  синфҳои  русӣ  аз  фанҳои  дақиқ  баъзан  ба  мушоҳида мерасад,  вале  мо  бо  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои олӣ пайваста ҳамкорӣ дорем.  Оид ба   фиристодани мутахассисони  ҷавон  пас  аз хатм  ба  донишгоҳҳо  дархост  медиҳем.

Ҳамзамон  сари  вақт  ба  Сарраёсати  маорифи   шаҳри  Душанбе,  ба  шуъбаи  маорифи  ноҳияи  Исмоили  Сомонӣ  оид   ба    ҷойҳои холӣ дархост  равон менамоем. Тибқи «Барномаи давлатии рушди системаи такмили  ихтисос  ва  бозомӯзии  касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» нақшаи дурнамои аз  курс гузаштани омӯзгорони  муассиса тартиб  дода  шудааст. Дар  асоси нақша,  омӯзгорон дар 3 сол як  маротиба  аз  курсҳои  такмили  ихтисос мегузаранд. Дар соли  таҳсили  2018-2019 дар  асоси  нақшаи  дурнамои  муассиса ҳамагӣ  2 нафар муовинони директор оид ба  таълим, 1 нафар муовини  директор  оид ба тарбия  ва   36 нафар  омӯзгор  аз  курсҳои  такмили  ихтисос  гузаштанд.  Ҳамчунин барои омӯзгорони   фанни  забони  русӣ  аз  ҷониби  Сафоратхонаи  Россия  дар  Тоҷикистон дар  якҷоягӣ  бо  омӯзгорони  шаҳри  Санкт-Петербург  омӯзиши   курсҳои  забони  русӣ ташкил  карда  шуд,  ки  ба  он  2  нафар  омӯзгорони  муассиса   фиристонда шуданд. Ҳамзамон  дар     Гимназияи  № 9-и  ба  номи  Низомӣ курсҳои  салоҳиятнокӣ  аз  фанни  забони  русӣ  ташкил  карда  шуд  ва  дар  он  10  нафар  омӯзгорони  забони  русӣ равон  карда  шуданд  ва  соҳиби  сертификатҳо  гардиданд. Аз  фанни  забони  англисӣ  низ  дар  соли  таҳсили  2018-2019  роҳбари  Иттиҳодияи  методии мактаб  Дилором Оқилова  ба  курси  салоҳиятнокӣ, ки  аз  ҷониби  Вазорати  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  якҷоягӣ  бо     Иттиҳоди Аврупо ташкил  гардида буд,  сафарбар   карда  шуд. Роҳбари  Иттиҳодияи  методӣ     пас  аз  гузаштани  курс  дар  муассисаи  мазкур  курси  салоҳиятнокӣ  бо  омӯзгорони  фанни  забони  англисиро дар мактаб  гузаронид. Ҳамаи  омӯзгорон  дорои  сертификатҳо  гаштанд. Шароит  дар  муассиса  барои  хонандагон  фароҳам  оварда  шудааст  ва  омӯзгорони  муассиса  дар  дарсҳо аз  усулҳои  фаъоли  таълим  истифода  мебаранд.

АМИТ «Ховар»: Чун ин ҷо Шумо дар мавриди такмили ихтисоси омӯзгорон ва сайқал додани маҳорати касбии омӯзгорон сухан гуфтед, мехостам дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ суҳбатро идома диҳем.  Ин раванд дар мактаб чӣ  тарз ба роҳ монда шудааст ва ба хотири омӯзиши забонҳои хориҷӣ кадом  тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардидаанд?

Парвина Меликова: Дар шароити имрӯз омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забонҳои русӣ ва англисӣ хеле муҳим аст, зеро пешрафти замон ва тараққиёти илму техника аз ҳар нафар талаб мекунад, ки пайваста аз пайи омӯзиш бошад ва бо ҷаҳони муосир ҳамфикр қадам занад.   Барои  таълими забонҳои русӣ ва англисӣ роҳу усул ё методи  омӯзиш,  маҳорати устод ва муттасил ба роҳ мондани машғулиятҳо хеле муҳим аст. Аз он муҳимтар омода намудани шароит барои омӯзиши забон мебошад. Таркиби асосии таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар шароити имрӯза дар муассисаҳои таълимӣ аз ин омилҳо иборат аст: таъмини шароити  мусоиди раванди таълим (таъминоти кадрӣ, методӣ, моддӣ-техникӣ)  сифати татбиқи раванди таълим (мақсад, муҳтаво, шакл ва усул) ва  сифати натиҷаҳои бадастомада (ташаккули шахсияти донандаи забонҳо, кӯшиш ба фарҳанги баланди муошират ва суханварӣ). Мо кӯшиш мекунем, ки бо ҳамин роҳҳои муассир раванди омӯзиши забонро ба роҳ монем ва тавре болотар гуфтам,  вақте, ки омӯзгорони мо, хусусан омӯзгорони забонҳои хориҷӣ аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд ва таҷрибаи замони навро аз бар мекунанд, табиист, ки бо ин роҳ ба муваффақият ноил мегарданд. Албатта, ба он комёбиҳое, ки хонандагони мо дар озмуну олимпиадаҳои аз фанҳои хориҷӣ сурат гирифта, ноил гардидаанд, натиҷаи ҳамин талошҳо мебошад.

Ногуфта намонад, ки дар муассисаи  мазкур  омӯзиши фанни  забони  русӣ аз  синфи 2-юм  ва     забони  англисӣ  аз синфи 3-юм  оғоз мешавад ва хонандагон ба зергурӯҳҳо  ҷудо карда мешаванд, то хубтар ва зудтар забон омӯзанд.  Дар дохили худи муассиса ҳар сол аз рӯи фанҳои забони русию англисӣ олимпиадаҳо гузаронида мешаванд ва аз миёни онҳо беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ равона карда мешаванд. Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ ҳангоми дохилшавӣ ба мактабҳои олии ватанию хориҷӣ аз имтиёзҳо бархурдоранд.

АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, ба хотири робитаи зичи волидайн бо  мактаб ва ҳам эҳсоси масъулият волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  амал мекунад. Дар омади гап, пагоҳ ба қабули ин қонун ҳашт сол пур мешавад. Шумо дар чаҳорчӯбаи ин қонун ҳамкории падару модаронро бо мактаб чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Волидон бо макаб то куҷо робитаи зич доранд ва баҳри таълиму тарбияи хуби фарзандонашон саҳм мегузоранд?

Парвина Меликова: Ҳамаи  мо  медонем, ки  мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Робитаи  муассиса  бо  волидайн  хеле  зич  мебошад. Дар  як  сол  беш аз 4  маротиба  маҷлиси  падару  модарон  аз  ҷониби  роҳбарони  синф  гузаронида  шуда,  оид ба   сатҳи  дониш  ва  одобу  рафтори  фарзандон  маълумот  дода  мешавад. Давоми  соли равон  2  маротиба  дар  муассиса  маҷлиси   умумимактабии   падару  модарон гузаронида  шуд, ки  дар  он  дар  бораи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суҳбат  гузаронида  шуд.

Барои  ҳавасманд  гардонидани  волидайн  падару  модароне, ки фарзандонашон давоми  сол  фаъолияти  хуб  нишон  дода,  дар  озмунҳои  гуногуни  шаҳрию  ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ  сазовори  ҷойҳои  намоён  гаштанд,  бо  ифтихорномаҳо  мукофотонида  шуданд. Ҳамзамон  дар  муассиса   бо  хонандагон   дар  асоси  нақшаи  тартибдодашудаи  солона  суҳбату вохӯриҳо бо кормандони ШВКД оид ба иҷрои талаботи Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» доир ба тарбияи насли  наврас,  шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ба монанди терроризм, экстремизм, истифода набурдани сомонаҳои дорои хусусияти экстремистӣ, пешгирии  ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон, масъулияти ҷиддии волидайн дар тарбияи фарзандон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, сари вақт ба дарсҳо ҳозир шудан, наовардани телефонҳои мобилӣ, риояи либоси мактабӣ ва ҳолати тартибу интизом, нарафтан ба  интернет-кафеҳо    баргузор  мегардад. Нисбат ба  хонандагон  ва  падару  модароне, ки  оинномаи  муассиса  ва  фармоиши   директори   муассисаро  риоя  намекунанд,  тадбирҳои  ҷиддӣ  андешида  мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Чуноне мушоҳида мешавад, солҳои охир миёни хонандагони як мактаб бо мактаби дигар ё дар дохили худи мактаб, хусусан дар шаҳри Душанбе   муноқишаҳо сар мезананд. Ин гуна ҳодисаҳо дар мактаби Шумо рух додаанд? Аз нигоҳи Шумо сабаб чист,  ки чунин ҳолатҳо рух медиҳанд?

Парвина Меликова: Дар ҳақиқат чунин ҳодисаҳо наметавонанд боиси нороҳатӣ ва ташвиш нагарданд. Дар муассисаи таълимии мо то ҳол чунин ҳодисаҳои нохуш ба қайд гирифта нашудаанд ва мо пайваста талош мекунем, ки дар байни хонандагон бо бурдани корҳои тарбиявӣ аз чунин амалҳо пешгирӣ намоем ва  шогирдонро  дар рӯҳияи инсондӯстию эҳтироми ҳамдигар, дӯсту тифоқ будан   ба камол расонем. Ман фикр мекунам, сабаби  асосии сар  задани  ҷангу  хархаша дар бисёр ҳолат-  ин  нисбат ба   одобу  рафтори  фарзандон беаҳамиятӣ  зоҳир  намудани  волидайн  мебошад. Яъне  онҳо сари  вақт воқиф намегарданд, ки фарзандашон   фориғ аз   дарс  дар  куҷо буд ва ё ба куҷо рафту бо киҳо сайру гашт намуд.  Мушоҳидаҳо собит сохтаанд, ки аксар чунин ҳолатҳо берун аз вақти дарс  ва ё дар вақту соате, ки фарзанд аз мактаб ҷавоб шудааст, рух медиҳанд. Аммо  ин ҳолат наметавонад масъулияти омӯзгоронро кам кунад, зеро мо низ нисбат ба ин масъала набояд бепарво бошем. Аз ин лиҳоз корҳо дар ин самт пайваста таҳким бахшида мешаванд ва тавре дар ҷараёни суҳбат иброз доштам, суҳбату вохӯриҳо бо кормандони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ пайваста гузаронида шуда,  оқибатҳои чунин кирдорҳои ношоиста ба хонандагон, хусусан хонандагони синфҳои болоӣ фаҳмонида мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар мактаб чӣ бояд кард, кадом роҳу воситаҳое ҳастанд, ки то ҳанӯз истифода нашудаанд? Акнун, ки баъд аз як моҳи дигар соли хониши нав оғоз меёбад, тайёрӣ барои хуб оғоз кардани он дар кадом сатҳ аст?

Парвина Меликова: Барои  боз  ҳам  баланд  бардоштани сатҳи  таълиму  тарбия, албатта нақшаҳои зиёд дорем. Ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам суханони падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни суханронӣ  дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил-  1-уми сентябри соли гузашта иброз дошта буданд. Тавре Президенти мамлакат таъкид намуданд: “Илму дониш дар миёни мардуми мо аз қадим мақоми хос дошт ва мардуми бофазлу ҳунари тоҷик ба ин манбаи маърифат ҳамеша арҷ мегузоштанд. Мо низ бояд суннатҳои неки гузаштагонамонро эҳтиром намоем, аз усулҳои муосири таълиму тарбия истифода кунем, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии насли навраси кишварамонро тавсеа бахшида, дар зеҳни онҳо эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро ҷой намоем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонем”.

Ана ҳамин суханони пурмеҳру самимиятро шиори кори худ қарор додаем ва пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки хонандагони муассисаи мо бо хонишу дониши аъло ва рафтори хубу намунавӣ ифтихори мо бошанд ва номи мактаби худро дар озмуну чорабиниҳо боз ҳам баландтар бардоранд. Ҳамчунин дар раванди таълиму тарбия, волидайнро низ  мебояд сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзандро назорат  намоянд. Мо талош мекунем, ки онҳо  бо  муассиса дар  алоқаи  зич  бошанду  бо  раванди таълиму тарбия,  таҳсилот, давомоти фарзандони худ   шинос шаванд. Ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзандон роҳ надиҳанд. Мо аз  омӯзгорон пайваста талаб мекунем, ки онҳо  ба раванди таълиму тарбия  бештар  диққат  зоҳир  намоянд, барои баланд бардоштани лаёқати хонандагон онҳоро дастгирӣ намоянд, дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо саҳм гузоранд  ва  ҳангоми  дарс  аз  усулҳои  фаъоли  таълим  истифода  бурда,  дарсҳои  худро  шавқовар  намоянд, то хонанда  ба  дарс  бо  завқу  ҳаваси  зиёд  биёяд.

Муассиса  барои   оғоз  намудани  соли  нави  таҳсил  хуб  омода  мебошад. Атрофи  муассиса  пурра тозаву озода буда, дар он сабзаву гулҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Синфхонаҳо  ба қадри  имкон  таъмир  гардидаанд.  Муассиса,  албатта  дар  соли  таҳсили  2019-2020  нақшаҳои  зиёде  дорад. Мехоҳем  боз ҳам дар оянда   хонандагони  мо  омӯзгорони  худро  бо  иштирок дар озмунҳо, олимпиадаву   мусобиқаҳо  ва  сазовор  гаштан  ба ифтихорномаву ҷоизаҳои  худ     шоду  сарфароз  гардонанд. Нақшаи дигарамон ин аст, ки   сафи  хонандагони  лаёқатмандро  зиёд  гардонем, омӯзгорон  ва  волидайнро  барои  ба таълиму  тарбия   дуруст  фаро  гирифтани  хонандагон ва фарзандон  ба  таври  имконият   ҳавасманд  намоем.  Раванди  таълиму  тарбияро  боз ҳам ҷоннок гардонида, онро таҳким бубахшем.

Баъди анҷоми суҳбат ва бо изҳори миннатдорӣ бо муаллима — директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 Парвина Меликова ба саҳни ҳавлии муассисаи таълимӣ баромадем ва шоҳиди хурсандии тифлакони дӯстрӯ, ононе, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузошта буданд, гардидем. Онҳо баъди шиносоӣ бо мактаб ва муаллими аввалини худ бо шодию сурур ҳамроҳ бо волидайни худ аз мактаб берун мешуданд. Дар миёни онҳо қаҳрамони мо Ёсинабону низ бо шодии беинтиҳо ва бо як ҷаҳон таассуроти аввалин аз нахустин рӯзи дар мактаб будан ҷониби хонаашон мерафт.. Шояд мехост, ба аҳли хонавода аз дидаҳо ва шунидаҳояш, мактаби барҳаво, синфхонаҳои тозаву озода, мизу курсию нишастҷойҳо, муҳимтар аз ҳама, сухани аввалини муаллима, чеҳраҳои хандони ҳамсолон ва ҳамакнун ҳамсинфонаш ва боз даҳҳо достони дар тасаввури кӯдаконааш ҷойгирифтаро  қисса кунад.  Шояд аз орзуҳо ва ҳавасҳои фардо боз ба мактаб омаданаш бигӯяд…

Дар интиҳо бароямон маълум гардид, ки имсол ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  тақрибан 420 нафар кӯдак барои қабул шудан ба синфи якум номнавис шудаанд.

Саидҷаъфар АШӮРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

 

Август 1, 2019 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд