БОЗ ЯК ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН! Ба ифтихори он дар Душанбе барномаҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 06.08.2019 /АМИТ «Ховар»/ 9 сентябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши театришуда баргузор мегардад. Консерти устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ин барномаро рангину пурмуҳтаво хоҳад гардонд. Ин намоиши театрӣ бо мушакпарронӣ анҷом меёбад. Ҳамчунин 8 сентябр бахшида ба таҷлили ҷашни мазкур дар чор ноҳияи пойтахт барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Тибқи ин нақша, базмҳои идона дар «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, «Майдони 800-солагии Москва»-и ноҳияи Шоҳмансур, майдони хиёбони Сино дар назди Прокуратураи генералӣ, «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» ва дигар маконҳои фарҳангӣ доир мегарданд.
«Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани ин ҷашни фархунда дар пойтахт баргузории барномаҳои иттилотию маърифатӣ, фарҳангиву фароғатӣ, аёдати собиқадорони меҳнат, шахсони ниёзманд ва мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ, гӯштини миллӣ ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст»,- афзуд манбаъ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар пойтахт истиқболи ин ҷашн аллакай оғоз ёфта, ба ин муносибат рӯзҳои наздик як зумра иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла биноҳои муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор гардиданд, иштирок ва суханронӣ карданд. Дар тантанаи идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони пойтахти давлати соҳибистиқлол ва меҳмононро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон-27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хурду бузурги мамлакат барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон — шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номуси он амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст. Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони пойтахт минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро вусъати бештар мебахшанд ва шаҳри Душанберо ба макони воқеан биҳиштосо, шаҳри зебову пешрафта табдил медиҳанд.
Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи сокинони пойтахтро ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз таманно карданд.
ДАР АКСҲО: ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт, соли 2018
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»













ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 6640 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан беш аз ҳазор иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд






