CAFA-2019: имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқа миёни футболбозони то 19-сола оғоз мегардад

Август 9, 2019 09:01

ДУШАНБЕ, 09.08.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе Чемпионати CAFA-2019 миёни футболбозони то 19-сола оғоз мешавад. Бозӣ соати 17:00 бо сабқати футболбозони ҷавони Афғонистону  Туркманистон  оғоз гардида, онро соати 20:00 дастаҳои мунтахаби футболи Ӯзбекистон ва Эрон идома медиҳанд. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои мунтахаби футболи  ҷавонони  Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок  мекунанд. Дар доираи ин мусобиқа ҳамагӣ даҳ бозӣ доир шуда, ҳамаи онҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор  мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки иштирок дар Чемпионати CAFA-2019  барои дастаи мунтахаби футболи то 19-солаи Тоҷикистон  ин як марҳилаи омодагӣ ба даври муқаддамотии Чемпионати Осиё-2020  маҳсуб мешавад.

Чемпионати CAFA-2019 миёни мунтахабҳои (U-19):

Даври 1-ум

9 август (ҷумъа)

17:00 – Афғонистон – Туркманистон

20:00 – Ӯзбекистон – Эрон

Даври 2-юм

10 август (шанбе)

17:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон

20:00 – Тоҷикистон – Т уркманистон

Даври 3-юм

12 август (душанбе)

17:00 – Эрон – Туркманистон

20:00 – Тоҷикистон – Афғонистон

Даври 4-ум

13 август (сешанбе)

17:00 – Эрон – Афғонистон

20:00 – Тоҷикистон –Ӯзбекистон

Даври 5-ум

15 августа (панҷанбе)

17:00 – Туркманистон – Ӯзбекистон

20:00 – Тоҷикистон – Эрон

Сармураббии  дастаи мунтахаби футболи ҷавонони  то 19-солаи  Тоҷикистон  Зайниддин Раҳимов ҳайати  тими  мунтахаби Тоҷикистонро барои бозиҳои Чемпионат CAFA-2019, ки аз 9  то 15 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, эълон кард. Дар ин  ҳайат 18 футболбоз, аз ҷумла 2 – дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлавар шомил шудаанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи CAFA-2019 (U-19):

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);

Ҳимоягарон: Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Шаҳром Назаров, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА «Помир»);

Нимҳимоягарон: Абдулмумин Забиров («Регар-ТадАЗ»), Амадонӣ Камолов, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Озодбек Панҷиев, Шӯҳрат Элмуродов (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Истиқлол»), Рустам Соиров, Ислом Зоиров (ҳарду – «Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.

Август 9, 2019 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад