Дар Душанбе нахустин конфронси миллӣ оид ба фарогирии молиявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии дастрасии молиявии аҳолии Тоҷикистон, таҳияи стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар мамлакат, баланд бардоштани маърифати молиявии сокинон дар нахустин конфронси миллӣ оид ба фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Душанбе доир гардид, мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова дар конфронс гуфт, ки «дар шароити феълии рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои молиявӣ фарогирии молиявӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар самти таъмини суботу устувории молиявии ҳар кишвар маҳсуб мешавад».
Мавсуф афзуд, ки дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Аз ҷумла, оид ба баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, тақвият бахшидани пардохтҳои ғайринақдӣ дар мамлакат барномаҳои алоҳида таҳия ва амалӣ шуда истодаанд. “Ҳамчунин таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявии ҷумҳурӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки бояд ба таври дастаҷамъона бо вазорату идораҳои марбута ва бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонии муваффақ таҳия карда шавад”,-иброз намуд Лола Салимова.
Дар ҷараёни нахустин конфронси миллӣ мавзӯъҳои дигари марбут ба рушди фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, зарурати таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявию маърифати молиявӣ – василаи калидии фарогирии молиявӣ, реҷаи махсуси танзим ва нақши он дар рушди технологияи нави бонкӣ, афзоиши ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ ва ҳолати кунунии татбиқи усулҳои бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






