Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш баргузор гардид.
Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низом иброз дошт, ки ҳамоиши мазкур бо мақсади омоданамоии кадрҳои эҷодкор ва фаъолияти касбӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат, ташаккул додани раванди неруи эҷодӣ, қобилияти наврасону ҷавонон ва дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагӣ доир гардида, дар он композиторону мусиқишиносон, наврасону ҷавонони соҳибистеъдод, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар коршиносони соҳаи фарҳангу ҳунар иштирок намуданд.
Мавсуф гуфт, ки “барои татбиқи имкониятҳои эҷодии наврасону ҷавонон, ташаккули фарҳанги маънавии ҷомеа, беҳтар гардонидани сифат ва самараи фаъолияти таълимӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёде роҳандозӣ гардида истодаанд. Таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони мамлакат собит месозад, ки он кас ба неруи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд доранд. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла соҳаи санъату фарҳанг дастовардҳои нав ба нав касб намуда, дар ҷумҳурӣ ҳамасола доир гардидани ҷашнвораҳои зиёд, таваҷҷуҳ ба анъанаҳои миллӣ ва рўи саҳна омадани чеҳраҳои нави эҷодӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд”.
Бояд тазаккур дод, ки Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ барномаҳои мусиқӣ-таълимӣ ва тахассусии гуногунро то баргузории 30-солагии истиқлолият ба роҳ монанд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






