Дар Душанбе воситаҳои тадқиқи бозори байналмилалӣ барои рушди тиҷорат баррасӣ гардиданд

Август 29, 2019 10:58

ДУШАНБЕ, 29.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Мушовирон ва муҳаққиқони тоҷик дар як давраи омӯзишӣ, ки зарфи се рӯз — 27-29 август дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, роҳҳо ва воситаҳои тадқиқи бозори байналмилалиро омӯхтанд.

Давраи омӯзишии мазкур, ки махсус барои ниҳодҳои пуштибони тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷумла ширкатҳои консалтингӣ, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ тарҳрезӣ шуд, аз ҷониби Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар доираи  Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ доир гардид.

Дар давраи омӯзишӣ ҳадафҳои таълими методологияҳои асосии дастрас барои баргузории тадқиқот ва истифода аз онҳо,  истифодаи касбии василаҳо ва роҳҳои пажӯҳиши бозор ҷиҳати таҳлили бозорҳои байналмилалӣ, тақвияти тавоноии иштирокчиёни давраи омӯзишӣ дар самти таҳияи гузоришҳо доир ба бозорҳои мувофиқ барои корхонаҳои манфиатдор; дарки беҳтари фазои ҳозираи тиҷорат барои пешниҳоди ёрии иттилоотӣ ба содироткунандагон ҷиҳати тасмимгириҳои тиҷоратӣ; ва ҳамчунин муайян кардани бозорҳои эҳтимолӣ барои содирот ва дарёфти роҳҳои вуруди устувор ба ин бозорҳо пайгирӣ гардид. Давраи омӯзишӣ бо дархости ниҳодҳои пуштибони тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид, зеро онҳо ба тақвияти тавоноӣ барои баргузории тадқиқоти бозорҳо бо истифода аз василаҳои муосиру муассир ва таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ниёз доранд.

Барои таълим дар давраи омӯзишӣ  тренери байналмилалии соҳибтаҷриба Мигел Камачо, ки 17 сол боз дар соҳаи таҳия ва баргузории давраҳои омӯзишӣ барои созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар 25 кишвар фаъолият кардааст, даъват гардид.

Иштирокдорони давраи омӯзишӣ бо бастаи василаҳои муосири  тадқиқи бозори ҷаҳонӣ ва таҳияи гузоришҳо аз рӯи ин тадқиқот шинос шуданд.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, ки сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло бардорад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии соҳавӣ расонида мешавад.

Август 29, 2019 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд