Дар маркази ноҳияи Ванҷ муҷассамаи Мулло Ёри Ванҷӣ гузошта шуд
ХОРУҒ, 13.08.2019 /АМИТ«Ховар»/. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар маркази ин ноҳия бахшида ба 190- солагии шоири шаҳири тоҷик Мулло Ёри Ванҷӣ конфронси илмӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози конфронси илмӣ дар пешорӯи Қасри фарҳанги ноҳия маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи шоир бо ширкати олимону шоирон, наздикон ва садҳо тан аз сокинони ноҳия доир гардид.
Мулло Ёри Ванҷӣ зодаи деҳаи Ғумаяки ноҳияи Ванҷ буда, мутаассифона, дар ягон маъхази бадеӣ дар бораи ин шоири тоҷик маълумоти кофӣ дастраси хонандагон нест. Ҳарчанд мероси эҷодии шоир аз ҷиҳати миқдор зиёд нест, аммо маънову мазмуни баланд, инъикоси рӯзгори номусоиди мардум, ҳодисаҳои таърихӣ ва мазаммати амалдорону мансабдорони замон ӯро ба мақоми назаррас расонида буданд.
Мулло Ёри Ванҷӣ ягона шоири замони худ буд, ки бар зидди зулму истибдоди давр овоз баланд карда, аз ҷабри зулми замон рӯ ба фирор овард. Ӯ аввал ба Ҳиндустон рафта, баъд аз он ба Арабистон рӯ овард.
Дар зарфи ду даҳсолаи охир оид ба эҷодиёти ин шоир даҳҳо мақолаҳои илмию бадеӣ дар нашриёт ба табъ расидаанд. Дар бораи он ки Мулло Ёри Ванҷӣ ба ватани аслиаш баргаштааст ё не, маълумоти аниқ вуҷуд надорад.
Олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ тасмим гирифтаанд, ки барои омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти Мулло Ёри Ванҷӣ ба китобхонаҳои кишварҳои Ҳиндустону Арабистон дархост равон намоянд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






