Дар ноҳияи Хуросон асбоби кӯҳнаю фарсудаи тиббиро аз истифода гирифтанд

Август 24, 2019 09:40

ХУРОСОН, 24.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Хуросон дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштарак бо мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ  дар вилояти Хатлон нисбат ба мудири шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи минтақавии рақами 5-и ноҳия ва роҳбари  Маркази саломатии  ҷамоати деҳоти С. Айнии ноҳияи Хуросон  барои иҷро накардани қоида ва талаботи санитарию гигиенӣ ва пешгирӣ накардани паҳншавии бемориҳои сироятӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ҷаримаҳои маъмурӣ намуданд.

Масъулини ин муассисаҳои тандурустии ноҳияи Хуросон дидаю дониста, бо асбоби тиббии муҳлати истифодаашон гузаштаи ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудаю фарсуда шуда  беморонро ҷарроҳӣ намуда ва дигар амалиёти табобатӣ  мегузарондаанд. Ин асбоб ба ҳаёти беморон хатари  ҷиддии сироятёбӣ дошта, аз тарафи мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарӣ  аз истифода  гирифта шуд.

Тибқи иттилои директори  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Хуросон Низомиддин  Бобоев, соли равон 4 нафар кормандони КАТС-и ноҳияро барои вайрон намудани коидаҳои санитарию эпидемиологӣ   ба маблағи 1825 сомонӣ ҷарима намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сохтори КАТС 4 ҳолат зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ин давра фаъолияти Маркази саломатии деҳоти Қизил-қалъа бо сабабҳои ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан муваққатан боздошта шуд.

Пас аз таъкидҳои  ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   нисбат ба бемасъулиятии  табибон барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон  назорату санҷишҳо аз тарафи мутахассисони  марказҳои назорати санитарию эпидемиологӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ин хотир табибони  КАТС-и ноҳияи Хуросонро зарур аст, ки дар фаъолияти худ хунукназарӣ накарда, нисбат ба саломатии беморон аҳамияти ҷиддӣ дода, бо асбобҳои наву ба талаботи санитарӣ  ҷабобгӯ хизмати тиббӣ расонанд.

Август 24, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Вазъи кунунии паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
«Сомон Эйр» парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Ҷидда барқарор менамояд
Тақвияти ҳамкории доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид
Масъалаи содироти сабзавоту меваи Тоҷикистон ба вилояти Свердловск баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид