«Дар Шветсия ба партовҳо ниёз доранд», «Бенизомӣ дар терминалҳои мусофиркашонии Кӯлоб» — шарҳи матбуоти даврӣ

Август 22, 2019 16:29

ДУШАНБЕ, 16.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд дар сархати расонаҳои даврии  ҷумҳурӣ қарор дошт.

Дар  шумораи навбатии  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (20.08.2019, № 159)   таҳти сарлавҳаи «Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ» гузориши муфассал  ба нашр расидааст.

Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»  таҳти сарлавҳаҳои «Ноҳияи Ҷаббор Расулов. Қадами нав дар самти саноатикунонӣ», «Ноҳияи Спитамен. Ояндаро аз имрӯз месозем!», «Ховалинг. Диёре, ки ҳар ваҷабаш таърих аст!», «Душвортарбия», «500 000  қарзе,  ки  гунаҳгорро зиндонӣ  кард», «Тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ мешаванд», «Тоҷикистону Ӯзбекистон. Ҳамкории илмӣ вусъат меёбад», «Помиринвест-2019. Имкониятҳои рушд зиёданд» ва  «Ҳунарҳои мардумӣ. Имтиёзҳо ба хотири пешрафтанд»  мақолаҳои ҷолиб ба чоп расидаанд.

Дар нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№101 аз 22.08.2019) суханронии   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таҳти сарлавҳаи «Кӯҳистони Мастчоҳ  зодаи даврони соҳибистиқлолист»   ба нашр расидааст. Дар ин суханронӣ, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: «Ҳар вақте, ки ман бо сафари корӣ ба Кӯҳистони Мастчоҳ меоям, ободиҳои баамаломадаро дида, аз натиҷаҳои заҳмати дастони мардуми сарбаланду заҳматқарини ин диёри кӯҳистони тоҷикон қаноатманд мегардам. Дар як муддати хеле кӯтоҳ, яъне тайи се-чор соли охир дар деҳоти ноҳия ба шарофати таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, намояндагии бонкҳо, неругоҳҳои барқи обии хурд ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шудаанд, ки ҳоло фаъолияти муназзам доранд ва боиси хеле беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ гардидаанд».

Дар ин шумораи «Садои мардум» таҳти сарлавҳаи «Бенизомӣ дар терминалҳои мусофиркашонии Кӯлоб» мақолаи хабарнигори рӯзнома Исломи Раҷабалӣ ба чоп расидааст. Муаллиф аз ду баробар    боло рафтани   нархи роҳкиро  дар шаҳр ва минтақаи  Кӯлоб изҳори нигаронӣ намудааст. Номбурда, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Соле қабл дар ҷумҳурӣ нархи сӯзишворӣ, хусусан гази моеъ, якбора боло рафта, арзиши 1 литри он аз 3 сомону 50 дирам ба 5 сомонӣ расид. Коршиносон яке аз сабабҳои онро дар ноустувории қурби асъори миллӣ дар муқоиса ба доллари ИМА арзёбӣ намуда буданд. Баробари боло рафтани нархи сӯзишворӣ роҳкиро дар шаҳру минтақаи Кӯлоб қариб ду баробар афзуд. Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и ҷумҳурӣ  нархи сӯзишворӣ ба меъёр даромада бошад ҳам, роҳкиро дар шаҳри Кӯлоб ҳамоно чун пештара боқӣ мондааст. Масъулон ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, парво надоранд».

Дар шумораи навбатии Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» (21.08.2019,№35) ҷараёни оғози сафари кории  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд инъикос гардидааст. Инчунин мавод таҳти сарлавҳаи «Роль 16-ой сессии Верховного Совета Республики Таджикистан в установлении мира и национального согласия», «Служба исполнения: мы на профессиональном уровне обеспечим  выполнение возложенных задач», «Органы окружающей среды в период Государственной независимости» ва ғайраҳо. Ҳамзамон  хабару мақолаҳо бахшида ба Рӯзи табибон, бостоншиносон ва 25 –умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ рўи чоп омаданд.  Дар ин шумора зери рубрикаҳои «30-солагии Истиқлолияти давлатӣ», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Об барои рушди устувор»  гузориш ва мақолаҳо ба хонандагони нашрия пешниҳод гардидаанд.  Дар мақолаи «Ущелье Камароб – один из красивейших агроландшафтов Таджикистана» дар бораи экспедитсияи илмии олимони ҷавони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар Дараи Камароб сухан меравад.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (21.08.2019,№ 34)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ инчунин мақолаҳоро таҳти сарлавҳаҳои  зерин чоп намудааст: «Саразм дар остонаи ҷашни 5500-солагӣ», «Ба муҳоҷирон ҳунар меомӯзанд», «Интегратсияи иқтисодӣ ва манфиати ҷомеа», «Қадамҷои шеър», «Дурбинҳои роҳ бештар шаванд, зеро…»,  «Неруи ирода дубора ҷон бахшид», «Табибе, ки рӯзҳову солҳоро намешуморад», «Сухани ширин ҳам табобат мекунад», «Худшиносӣ  омили таҷаммули миллат аст», «Ғизои солим», «Дар Шветсия ба партовҳо ниёз доранд» ва  ғайраҳо.

Муаллифи мақолаи «Дар Шветсия ба партовҳо ниёз доранд» Гулҳаёи Мадимар  нигоштааст, ки «дар Шветсия ҳар як оила 6 ё 7 сатили алоҳида барои партовҳои гуногун –пластикӣ, коғаз, шиша, картон ва дигар намуди партовҳо доранд. Ҳамчунин як сатили иловагӣ барои партовҳое мебошад, ки дубора коркард кардани онҳо имкон надорад. Дар ин сатил ҳатто  кӯдакони хурдсоли Стокголм пӯчоқи конфеташонро намепартоянд. Дар кӯдакистонҳо ва  мактабҳо ба онҳо ба тартиб  мондани партовҳоро таълим  медиҳанд ва дар ин кишвар барои нодуруст партофтани онҳо  ҷарима ситонида мешавад».

«Шведҳо на танҳо чӣ гуна коҳиш додани партовҳо дар партовгоҳҳои кишварро пешкаш кардаанд, балки роҳҳои кам кардани миқдори партовҳои зараровар ба атмосфераро низ нишон додаанд. Ба туфайли технологияи навтарин, ки дар заводҳои Шветсия  барои коркард ва сӯзонидани партовҳо истифода мешаванд, газҳои заҳрноки ба ҳаво хориҷшаванда аз 1% зиёд нестанд»,-омадааст дар анҷоми мақола.

Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ саҳифаи расмии нашри навбатии “Мароми пойтахт”-ро (№ 3 аз 22.08.19) пурра мекунад. Вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаҳои пойтахт ва таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз хабарҳои ҳизбии пойтахт ба шумор меравад.

Дар саҳифаҳои баъдӣ хабарнигорони нашрия талош намудаанд, то ба масъалаҳои доғи рӯз дахолат намоянд. Аз ҷумла, дар маводи «Маҳсулоти ватанӣ: сифати беҳтар ва нархи дастрас» муаллиф мавзӯи истеҳсолу фурӯши либосҳои мактабӣ ва сифати онҳоро пайгирӣ кардааст. «Дунёи маҷозӣ…» масъалаи истифодаи интернетро баррасӣ намуда, манфиат ва зарарҳои онро нишон додааст.

Хонандагони нашрияи «Мароми пойтахт» ҳамзамон метавонанд аз навгониҳои Маркази миллии тестӣ дар мусоҳибаи хабарнигори ҳафтанома ва дигар мавзӯъҳои рӯз дар ҳамин шумора шинос шаванд.

     Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Август 22, 2019 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мегардад
Занону духтарон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Конститутсияро меомӯзанду гиромӣ медоранд
Дар Тоҷикистон панҷ навъи анор парвариш мешавад
Дар Душанбе вобаста ба таҳаввул ва дурнамои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир гардид
Дар «Амонатбонк» бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат 52 ҳолати вайронкунии қонуни танзим ошкор карда шуд
Кооперативи истеҳсолии «Беҳбудӣ» дар як сол тақрибан 15 тонна хурмои хушк истеҳсол менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани чормағз барои табобати бемориҳои гепатит, астма ва сил тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Муъминобод 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Дар Тоҷикистон дар 9 моҳ 1142 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзим сабт шудааст
Дар Тоҷикистон аввалин маротиба ҷарроҳии саратони ғадуди зери меъда гузаронида шуд