Дар Теҳрон ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои барқу об, ҳамлу нақл ва роҳсозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Август 9, 2019 10:56

ДУШАНБЕ, 09.08.2019 /АМИТ «Ховар»/.   Дар шаҳри Теҳрон Сафири Ҷумҳури Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири неруи Эрон ва раиси Комиссияи муштараки ҳамкории  тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон Ризо Ардакониён мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Эронро дар соҳаи барқ ва об мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати ҳамкории ҷонибҳоро дар анҷоми корҳои боқимонда дар нақби «Истиқлол» зикр намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 13-уми қарибулвуқӯи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон табодули назар намуда, аҳаммияти ҷаласаи мазкурро дар таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд таъкид карданд.

Ҳамчунин 6 август дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири роҳу шаҳрсозии  Эрон Муҳаммад Исломӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои ҳамлу нақл ва роҳсозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақши татбиқи лоиҳаҳои мушаххас ҷиҳати пайвастани ду кишвар аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар ин росто ҷонибҳо роҳандозии парвозҳо дар хатсайри  Машҳад-Душанбе-Машҳадро омили мусбати рушди робитаҳои дуҷониба унвон карда, зарурати барқарории парвозҳоро миёни пойтахтҳои ду кишвар таъкид карданд.

Ҳамчунин доир ба истифодаи имкониятҳои бандари Чобаҳор дар густариши содироту воридоти молу маҳсулот дар минтақа табодули назар сурат гирифт.

Август 9, 2019 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд