ФУРӮШИ МАҲСУЛОТ БЕ МИЁНАРАВ. Дар шаҳри Хоруғ «Гӯшаи деҳқон» ташкил карда шуд
ХОРУҒ, 29.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як гӯшаи бозори марказии шаҳри Хоруғ ба ихтиёри деҳқонони ноҳияҳои вилоят гузошта шуд. Сардори Раёсати кишоварзии вилоят Абдуласан Мамадасанов гуфт, ки «қаблан деҳқонон дар бозор ҷои муайян надоштанд ва аз ин рӯ маҷбур мешуданд, ки маҳсулоти худро бо нархи арзон ба миёнравон фурӯшанд. Ҳамин тавр маҳсулот аз даст ба даст гузашта, қимати он низ боло мерафт. Таъсис додани «Гӯшаи деҳқон» ба манфиати ҳам харидорон ва ҳам деҳқонон аст».
Як тан деҳқон аз ноҳияи Шуғнон Соҳибқадам Некқадамов, ки маҳсулоти худро ҳамагӣ дар муддати як соат фурӯхтааст, изҳор медорад, ки «ман шахсан ҷиҳати ҷудо кардани макони махсус барои деҳқонон ба раиси шаҳр муроҷиат намудам ва имрӯз ин орзӯи мо амалӣ гашт. Ин тадбир ба танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари бозор таъсири худро мерасонад. Баъди ин амал дар дигар дӯкону мағозаҳо низ нарх ба тадриҷ паст мешавад».
Дар ин гӯша ҳамчунин деҳқонон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ҳам маҳсулоти худро мустақиман ба харидорон пешниҳод мекунанд. Аҳрор Ғафуров, сокини вилояти Суғд гуфт, ки «ин бор ман ба бозори шаҳри Хоруғ кишмиш овардам. Нархи он дар дӯкону бозорҳои шаҳр 30 сомонӣ аст, аммо ман маҳсулоти худро бо нархи 24 сомонӣ фурӯхтам».
Сардори Раёсати кишоварзии вилоят иброз намуд, ки «теъдоди деҳқононе, ки мехоҳанд маҳсулоти худро бидуни миёнарав ба фурӯш бароранд, рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Аз ин рӯ масъулин тасмим гирифтаанд, ки ҳафтаи оянда масоҳати «Гӯшаи деҳқон»-ро боз ҳам васеътар кунанд. Мақсади мо ин аст, ки ҳамаи сокинони шаҳр барои захираи меваю сабзавот дар фасли зимистон имконияти баробар дошта бошанд».









Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






