ФУТБОЛ: Нуриддин Давронов ва Комрон Турсунов дастаҳояшонро иваз мекунанд

Август 23, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Капитани дастаи   мунтахаби Тоҷикистон ва  дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Нуриддин Давронови 28-сола бо дастаи «КФ Оман»-и кишвари Уммон қарордоди яксола ба имзо расонид. Дар ин бора  мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  ҚУРБОН  бо истинод ба  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, ба ғайр аз кишвари Уммон пешниҳодҳо аз давлатҳои Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Индонезия низ буданд, вале Нуриддин  Давронов  кишвари Уммонро интихоб намуд.

Ёдовар мешавем, ки  Нуриддин Давронов фаъолияти варзишии  худро аз дастаи  «Смена»-и кишвари Беларус шурӯъ намуда, инчунин дар бошгоҳҳои «Барқчӣ», «Локомотив-Москва», «Истиқлол»-и Душанбе, «Слобода»-и Сербистон, «Дунав»-и Булғористон, «Мадура Юнайтед»-и Индонезия ҳунарнамоӣ кардааст. Охирин дастае, ки Давронов бозӣ мекард, ин дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе буд.

Ҳамчунин   футболбози ҷавони дигари  тоҷик  Комрон Турсунов,  ки  ба дастаи «Утрехт»-и Голландия даъват шуда  буд,  айни ҳол тамринҳои худро дар ҳайати дастаи мазкур идома дода истодааст. Чуноне ки худи футболбоз   ба  мо   хабар дод, онҳо дар як рӯз ду бор- субҳ ва нисфирӯзӣ машқ мегузаронанд.

Комрон Турсунов дастпарвари бошгоҳи «Регар ТадАЗ» -и Турсунзода   ба ҳисоб рафта, тӯли ду мавсими охир дар дастаи  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  бозӣ мекард. Моҳи гузашта дастаҳои  «Утрехт»- и Голландия ва «Русенборг»-и  Норвегия Комрон Турсуновро барои санҷиш даъват намуданд.

Август 23, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд