Ходими адабии АМИТ «Ховар» яке аз ғолибони Озмуни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Истиқлолият гардид
ДУШАНБЕ, 27.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 27 август маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои Озмун бахшида ба беҳтарин асарҳо дар соҳаи наср, драматургия, очерку публисистика ва назм дар мавзӯи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд. Ҳайати доварон ба чунин хулоса омад, ки ҳар се ҷоизаи эълоншуда ба асарҳои соҳаи назм супорида шаванд.
Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни суруди миллӣ Гулназар барои эҷоди «Сӣ рубоӣ бахшида ба сисолагии Истиқлолият»; Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло барои шеъри «Истиқлол» ва манзумаи «Қасидаи озодӣ» ва шоири маъруфи тоҷик Рустами Ваҳҳоб барои силсилаи манзумаи «Салом, ҳуҷҷати инсонии ман Истиқлол» ғолиби озмун ва сазовори ҷоиза дониста шуданд.
Инак, яке аз шеърҳои дар озмун ғолибомада, шеъри «Истиқлол»-и Камол Насрулло манзури шумо мегардад:
ИСТИҚЛОЛ
Вожаи аз зиндагӣ саршор, истиқлол!
Қалъаи шаъну вафову ор, истиқлол!
Ҳуҷҷати бахту муроди халқи хушзотам,
Бо туям фархундаву подор, истиқлол!
Аз фулузу санги Меҳан пайкари худро
Метарошам бо кафи хуншор, истиқлол!
Вораҳон аз нав маро аз маҳбаси таърих,
Бо фурӯғи тозаам биброр, истиқлол!
Ҳиммату эҳсону меҳри рӯзгоронам,
Бо ту танҳо, бо ту бод изҳор, истиқлол!
Ин туӣ болу пари симурғии бахтам,
Лонаат дар кӯҳи нангу ор, истиқлол!
Ин манам аз оташат вораста чун Қақнус,
Бо ту эҳё гаштаам ин бор, истиқлол!
Бо ту кохи нур, бо ту савту сози сур,
Бо ту дорам ҷони нусратбор, истиқлол.
Эй суруди ман, дуруди ман, вуҷуди ман
Бо ту бошад зиндаву бедор, истиқлол!
Охирин армони миллат дар раҳи будан,
Охирин уммеди зери дор, истиқлол!








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






