ИҚДОМИ ҚОБИЛИ ДАСТГИРӢ: Футболбози дастаи мунтахаби Миср ва клуби «Ливерпул» Муҳаммад Салоҳ барои таъмири Институти таҳқиқоти саратон $3 млн хайр кард

Август 10, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 10.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Муҳаммад Салоҳ, футболбози дастаи «Ливерпул» барои барқарор кардани Институти таҳқиқоти саратон дар Қоҳира хайрия кардааст. Маблағи умумии хайрия 3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, навиштааст хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «The Tactical Times».

Санаи 5-уми августи соли ҷорӣ дар пойтахти Миср шаҳри Қоҳира бар асари бархӯрди ду мошин таркиш ба амал омадааст. Фоҷиа 16 нафарро кушта, 21 нафари дигарро захмдор кардааст.

Ҳамчунин, дар натиҷаи таркиши мошинҳо бинои Институти таҳқиқи саратон низ осеби ҷиддӣ дидааст ва футболбоз мехоҳад он дар муддати кӯтоҳ таъмир ва барқарор карда шавад.

Муҳаммад Салоҳ футболбози машҳури мисрӣ мебошад, ки аз соли 2017 инҷониб дар дастаи «Ливерпул»-и Англия ба ҳайси ҳуҷумкунанда бозӣ мекунад.

 

Август 10, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд