Имрӯз Душанбе мизбони ҷаласаи XX Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии давлатҳои ИДМ гардид
ДУШАНБЕ, 23.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XX Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ /баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарону намояндагони давлатҳои аъзои Шӯро- Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Озарбойҷон, Россия, Беларус, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ ва намояндагони мушоҳид аз Латвия иштирок намуданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Кабир Ҷӯразода, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андоз, тафтишоти молиявии ИДМ Андрей Курносенко, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва роҳбарони мақомоти молиявии кишварҳои ИДМ сухан карда, нақши фаъолияти Шӯрои роҳбарони мақомоти молиявии давлатҳои ИДМ-ро дар таҳкими ҳамкорӣ, ҷилавгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Аз ҷумла, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Кабир Ҷӯразода зикр намуд, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дорои хусусияти коррупсионӣ мебошад, зеро коррупсия дар ҷаҳони муосир ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва хатарнок арзёбӣ гардида, ба рушди давлатҳою таъмини амнияти иқтисодӣ ва суботи ҷаҳон монеа эҷод мекунад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб моҳи январи соли 2007 мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия-Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод.
Инчунин Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2020 қабул гардид. Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2020 ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар мамлакат равона гардида, дар ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.
Дар ҷаласаи XX Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии давлатҳои аъзои ИДМ рафти иҷрои масъалаҳои қаблан дар Шӯро қабулгардида, фаъолияти анҷомдодаи мақомоти тафтишотию молиявии давлатҳои ИДМ, муқовимат ба маблағгузории терроризм, нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти Шӯро барои солҳои 2019-2023 ва дигар масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои давлатҳои аъзои Шӯро вобаста ба таъмини амнияти иқтисодӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа пешниҳодҳоро оид ба такмили қонунгузории миллӣ, ташаббусҳо оид ба рушди заминаи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалиро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Иттиҳод баррасӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии кишварҳои аъзои ИДМ соли 1999 бо мақсади ҳамкорӣ дар мубориза бо қонунвайронкунии молиявӣ таъсис дода шуд ва зарфи 20 сол аст, ки муваффақона фаъолият дорад. Шӯро масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодиро ҳамоҳанг сохта, таклифу пешниҳодҳоро ироа месозад. Инчунин экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида, лоиҳаҳои созишномаҳои байналмилалиро мутобиқ менамояд. Тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, таҳияи тавсияҳо ва пешниҳодҳо барои ошкор, пешгирӣ ва рафъи ин ҷиноятҳои иқтисодӣ аз рисолатҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти молиявии давлатҳои ИДМ маҳсуб меёбад. Илова бар ин, Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти молиявии кишварҳои аъзои ИДМ ба такмил ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои Иттиҳод ва таҳияи заминаи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо қонунвайронкуниҳои молиявӣ мусоидат мекунад.
Дар Душанбе доир гардидани ҷаласаи XX Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти молиявии давлатҳои ИДМ бозгӯи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон дар ҳамбастагӣ бо дигар давлатҳо зидди ҳамагуна қонунвайронкуниҳо, хусусан ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта муборизаи беамон бурда, барои таъмини амнияти иқтисодии кишвар ва манфиатҳои давлат тадбирҳои заруриро меандешад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»











Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд
Оид ба маблағгузории устувор дар Тоҷикистон машварат баргузор гардид
Сокинони деҳаи Фуруғдеҳи ноҳияи Хуросон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир мегардад
Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигиро оқилона истифода мебаранд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш меёбад






