Кумитаи забон ва истилоҳот аз риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ кард

Август 23, 2019 10:16

ХОРУҒ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти аъзои гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода бо кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура, САҲШ, роҳбарони муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Бадахшон хабар медиҳад.

«Имрӯз таъсири раванди ҷаҳонишавиро на танҳо дар шаҳрҳои нисбатан калон, балки дар деҳоти дурафтодаи мамлакат низ мушоҳида кардан мумкин аст. Донистани забонҳои хориҷӣ ва истифодаи онҳо дар кору рӯзгор хуб аст, аммо суиистифода аз он манфиатҳои миллиро зери хатар мегузорад. Зеро забони давлатӣ яке аз пояҳои асосии мавҷудияти ҳар як миллат буда, ҳифзи фарҳанг, расму суннат, таъриху адабиёт маҳз аз забони давлатӣ маншаъ мегирад. Аз ин рӯ дар татбиқи бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» аз хурд то бузург масъул мебошанд ва ба ин қонун бояд эҳтиром гузоранд»,-изҳор дошт Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ.

Мутаассифона, ҳангоми боздиди гурӯҳи корӣ аз бозори марказии шаҳри Хоруғ маълум гардид, ки на ҳамаи шаҳрвандон  моҳияти қонуни мазкурро дарк намудаанд. Бештари қаҳвахонаву тарабхонаҳо, марказҳои тиҷоратӣ, дӯконҳо бо забонҳои англисию  русӣ ва забонҳои маҳаллӣ номгузорӣ шудаанд, ки хилофи муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» мебошад. Дар аксари навиштаҷот бо забони давлатӣ иштибоҳоти услубию имлоӣ ба назар мерасанд. Истифода аз лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ қатъиян манъ мебошад. Зеро агар ҳар як минтақа бо лаҳҷаи худ суҳбат кунаду корхона ва ё муассисаи худро бо лаҳҷаи маҳали худ номгузорӣ кунад, пас забони адабии тоҷикӣ, ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад, комилан коста мегардад.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ  ба фаъолияти ниҳодҳои назоратӣ, бахусус прокуратураи шаҳри Хоруғ дар мавриди истифодаи забони давлатӣ баҳои ғайриқаноатбахш дода, аз онҳо даъват намуд, ки дар зудтарин фурсат камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.

Дар ин мулоқот аз фаъолияти Муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ ва  Литсеи Оғохон дар самти риояи бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» изҳори қаноатмандӣ гардид. Гуфта шуд, ки дигар муассисаҳои таълимӣ ва идораву корхонаҳои давлатию хусусии вилоят бояд аз таҷрибаи муассисаҳои номбурда баҳра бардошта, дар рушду тавсеаи  забони давлатӣ нақши бештар гузоранд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Арамбегим Маҳтобшозода гуфт, ки гурӯҳи корӣ чанд намуна аз китобҳои «Фарҳанги номҳои миллӣ», «Феҳристи номҳои миллӣ», Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ» ва амсоли инҳоро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим намуд.

Август 23, 2019 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд