Неъматулло Ҳикматуллозода: «Дар шаш моҳи соли 2019 устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат таъмин гардид»
ДУШАНБЕ, 02.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлили вазъи нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар нимсолаи якум нишон дод, ки дар ин давра дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, дар маҷмўъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат таъмин гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зикр кард.
«Дар давраи ҳисоботӣ Маҷмўи маҳсулоти дохилии (ММД) ҷумҳурӣ ба 31,3 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 фоизро ташкил намуд. Рушди ММД аз ҳисоби афзоиши воқеии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12,5 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 10,8 фоиз, гардиши савдои чакана 9,4 фоиз, гардиши мусофирон 12,9 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 0,9 фоиз таъмин гардидааст»,-гуфт Неъматулло Ҳикматуллозода.
Бино ба маълумоти вазир, гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар нимсолаи якум ба 2136,9 млн. доллари ИМА ё 3,8 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардид, аз ҷумла содирот 570,6 млн. доллар ё 8,1 фоиз ва воридот 1566,3 млн. доллар ё 2,3 фоиз рушд ёфт.
«Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия, қисми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2019 дар сатҳи 100,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 10949,3 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид (48,9 млн. сомонӣ зиёд), ки нисбат ба ММД 35,0 фоизро ташкил менамояд»,-илова намуд Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода.









Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






