ОФАРИН, МИЛИТСИЯИ САЙЁҲӢ! Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Душанбе фаъолият ва касбияти кормандони ин ниҳодро ситоиш намуд

Август 28, 2019 14:05

ДУШАНБЕ, 28.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сафорати  Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Душанбе бо ирсоли як нома ба унвони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолият ва касбияти кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳии ин ниҳод ситоиш кардааст.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки  18 августи соли равон кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамёни рангаш сиёҳро дарёфт намуданд. Дар дохили ҳамён ҳуҷҷати ронандагӣ ва кортҳои бонкӣ мавҷуд буда, ба шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Америка тааллуқ доштааст.

«Кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ фавран ба воситаи Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ҳамёнро ба соҳибаш баргардониданд. Сафорат дар навбати худ ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода номаи сипос ирсол ва фаъолияту касбияти кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳиро  зикр намуд»,- омадааст дар хабарнома.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Америка шахсан ба шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ занг зада, барои дарёфти ҳамёни худ ба корманди ин шуъбача лейтенанти милитсия Умедҷон Саидов изҳори  сипос намудааст.

ДАР АКС: мошини хизматии милитсияи сайёҳии Тоҷикистон.

Мавриди зикри хос аст, ки шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аввали соли 2018 дар назди Шуъбаи экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Шуъбача аз 40 нафар корманд иборат буда, бо  мошину таҷҳизоти зурурӣ таъмин аст ва дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст. Вазифаи асосии кормандони шуъбаи мазкур  таъмини амнияти сайёҳони хориҷӣ ва расонидани кумаки саривақтӣ ба онҳо мебошад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, милитсияи сайёҳии Тоҷикистон бори нахуст ба сайёҳони хориҷӣ  9 августи соли 2018 кумак расонида буд.  Он рӯз сайёҳ аз ИМА  Мэтю Пушел ҳамроҳи завҷа ва кӯдаки хурдсолаш  дар Душанбе сайр мекард ва дар такси ҳамён ва пулҳояшро гум мекунад.   Чашми Мэтю ба мошини милитсия меафтад ва зуд ба ронандаи он- корманди милитсия дар бораи ҳодисаи рухдода муроҷиат мекунад. Дар натиҷа кормандони милитсияи сайёҳӣ  дар бадали ҳамагӣ 20 дақиқа ҳамён ва пулҳои гумшударо ёфта, ба соҳибаш баргардониданд.

ДАР АКС: корманди милитсияи сайёҳӣ ҳангоми кӯмак ба шаҳрвандони хориҷӣ. Акс аз бойгонӣ

Ғайр аз ин, нимаи аввали ҳамин моҳ кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ ба шаҳрванди Италия Верни Освалдо Сомило, ки ба онҳо оид ба гум шудани сумкаи худ дар роҳи Хуҷанд-Душанбе хабар дод, кумак расониданд. Онҳо ба Верни Освалдо Сомило ёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ расониданд ва мототсикли ӯро таъмир намуда, то гузаргоҳи сарҳадии шаҳри Панҷакент бо мошини хизматӣ бурда расониданд.

Милитсияи сайёҳӣ инчунин 8 августи ҳамин сол ба  сайёҳи дигари  хориҷӣ, шаҳрванди  Австралия Алфредо Стефан Ричард, соли таваллудаш 1973, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дучарха ба санг бархӯрда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буд,  дасти мадад расонид.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат ба таври назаррас рушд намуд. Тайи солҳои охир чандин маротиба мамлакати мо дар раддабандиҳои байналмилалӣ мақоми назаррас касб намуда, аз ҷумла, моҳи январи соли 2018 Департаменти давлатии ИМА Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амнтарин арзёбӣ карда, ба шаҳрвандонаш тавсия додааст, ки ба ин мамлакат сафар кунанд.

Август 28, 2019 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд