САЁҲАТ БО ҚУТОС. Шавқи сайёҳон ба сайр бо ин навъи ҳайвон сол то сол меафзояд

Август 17, 2019 08:38

ХОРУҒ, 17.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бештари сокинони  Тоҷикистон шояд дар умри худ як ё ду бор аспу харсаворӣ карда бошанд, аммо ба кам касон муяссар шудааст, ки болои қутос савор шуда, дашту биёбонҳои беканорро давр зананд. Шавқу рағбати  сайёҳони хориҷӣ  барои сайру саёҳат бо қутос  хеле зиёд аст, аксари онҳо   барои  ҳамин азми сафари Мурғоби баландкӯҳ менамоянд, навиштааст хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Файзи МИРАСАН.  

Ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи сайёҳӣ, экологию фарҳангии Помир Зоолшо Асадшоев, “дар гузаштаи на чандон дур танҳо қутоспарварон ва аҳли хонаводаи онҳо ҳангоми кӯчбандӣ аз як чарогоҳ ба чарогоҳи дигар борҳояшонро ба қутос бор карда, худ низ ба он савор шуда, озими сафар мешуданд. Аммо ҳоло ширкатҳои сайёҳӣ як хатсайри ҷадид ташкил кардаанд, ки тавассути қутос  сайёҳон аз пайроҳаҳои пиёдагард гузашта,  то баландии беш аз 3 ҳазор метр боло мебароянд. Мошинҳои мусофирбар имкон надоранд, ки сайёҳонро то ба қуллаи кӯҳ, ҷое ки гӯсфандони Марко Поло сукунат доранд, интиқол диҳанд”.

Ба гуфтаи масъулини ширкатҳои ҷаҳонгардӣ,   саёҳат бо қутос аз саёҳат бо мошин боз аз он ҷиҳат бартарӣ дорад, ки на ба сайёҳ хатаре таҳдид мекунад ва на ба табиат зараре мерасад. Ба ҷуз ин яке аз шохаҳои Роҳи бузурги Абрешим маҳз аз ҳамин даштҳои ноҳияи Мурғоб мегузарад ва он замон одамон ин даштҳоро бо уштуру аспу қутос убур мекарданд. Сайёҳони қутоссавор низ чун аз ин дашти нопайдоканор мегузаранд, лаҳзае худро ҳамсафари ин корвон эҳсос мекунанд.

Як сайёҳи немис дар дафтари сабти хотираҳои Ассотсиатсияи сайёҳӣ, экологию фарҳангӣ навиштааст, ки «мо аз Германия омадем. Тоҷикистон ба мо бисёр маъқул аст. Лоиқи таҳсин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ диққати хосса медиҳад. Фаҳмидем, ки ба  макони сукунати  ин ҳайвонот, ки дур аз манзили зисти одамон мебошад, фақат пиёда ё савора  рафтан мумкин аст.

Муносибат бо ҳайвоноти хонагию ваҳшӣ дар Тоҷикистон барои кишварҳои дигар намунаи ибрат аст. Дар ин ҷо ҳатто ҳайвоноти даррандаи ваҳшӣ ва инсонҳо бо ҳам «забон» меёбанд ва ба зиндагии ҳамдигар халал намерасонанд. Дар ин сафар ман бори аввал болои қутос савор шуда, бисёр манзараҳои зеборо аз наздик тамшо кардам. Аксҳои зиёд гирифтам, бо мақсади он ки шояд агар ба дӯстони худ дар бораи ин сафарам қисса кунам, онҳо бовар намекунанд. Дар оянда кӯшиш мекунам, ки дӯстони худро низ ҳамроҳ ба ин ноҳияи баландкӯҳ биёрам».

Дар ноҳияи Мурғоб зиёда аз 2,5 миллион гектар масоҳати чарогоҳ мавҷуд буда, барои парвариши қутос  хеле мусоид аст. Қутос чаҳор фасли сол дар ин чарогоҳҳо барои худ ғизо пайдо мекунад. Танҳо дар сурати аз 20 см зиёд шудани ғафсии барф ба кумаки чорводорон ниёз пайдо мекунад. Вазни баъзе аз намудҳои ин ҳайвон то ба як тонна мерасад.

 

Август 17, 2019 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАКОРӢ — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд
Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкории фарҳангӣ ва сайёҳиро таҳким мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР БАДАХШОН. Сабзазорҳои алпӣ, биёбонҳои баландкӯҳ, дарёҳои тезҷараён ва кӯлҳои мусаффои он назаррабо мебошанд
ҚОНУНИ ТАНЗИМ — НАМУНА БАРОИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА. Дар давраи амали ин қонуни миллӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ сарфа шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 71-уми ҷаласаи Комиссияи Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
Пешвои миллат: «Ба ҷойи ҳаҷҷу умраи такрорӣ анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад»
Президенти Тоҷикистон: «Шахсоне, ки имконияти молиявӣ надоранд, набояд ба хотири савоб аз дигарон қарз гирифта, қурбонӣ кунанд»
Аз ифлосшавии ҳавои атмосферӣ эҳтиёт намоед! Аз 6 то 9 июн дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Оростани дастурхони пурдабдаба ва меҳмондории зоҳирпарастонаву намоишкоронаро дини мубини ислом, шариат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ маҳкум мекунад»
ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ ОРЗУҲОИ ҶАВОНӢ. Дар Душанбе моҳвораи ҷавонон ҷамъбаст гардид
Вобаста ба омилҳои рушди сармояи инсонӣ дар Душанбе конфронс доир гардид
110 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд