САЁҲАТ БО ҚУТОС. Шавқи сайёҳон ба сайр бо ин навъи ҳайвон сол то сол меафзояд

Август 17, 2019 08:38

ХОРУҒ, 17.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бештари сокинони  Тоҷикистон шояд дар умри худ як ё ду бор аспу харсаворӣ карда бошанд, аммо ба кам касон муяссар шудааст, ки болои қутос савор шуда, дашту биёбонҳои беканорро давр зананд. Шавқу рағбати  сайёҳони хориҷӣ  барои сайру саёҳат бо қутос  хеле зиёд аст, аксари онҳо   барои  ҳамин азми сафари Мурғоби баландкӯҳ менамоянд, навиштааст хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Файзи МИРАСАН.  

Ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи сайёҳӣ, экологию фарҳангии Помир Зоолшо Асадшоев, “дар гузаштаи на чандон дур танҳо қутоспарварон ва аҳли хонаводаи онҳо ҳангоми кӯчбандӣ аз як чарогоҳ ба чарогоҳи дигар борҳояшонро ба қутос бор карда, худ низ ба он савор шуда, озими сафар мешуданд. Аммо ҳоло ширкатҳои сайёҳӣ як хатсайри ҷадид ташкил кардаанд, ки тавассути қутос  сайёҳон аз пайроҳаҳои пиёдагард гузашта,  то баландии беш аз 3 ҳазор метр боло мебароянд. Мошинҳои мусофирбар имкон надоранд, ки сайёҳонро то ба қуллаи кӯҳ, ҷое ки гӯсфандони Марко Поло сукунат доранд, интиқол диҳанд”.

Ба гуфтаи масъулини ширкатҳои ҷаҳонгардӣ,   саёҳат бо қутос аз саёҳат бо мошин боз аз он ҷиҳат бартарӣ дорад, ки на ба сайёҳ хатаре таҳдид мекунад ва на ба табиат зараре мерасад. Ба ҷуз ин яке аз шохаҳои Роҳи бузурги Абрешим маҳз аз ҳамин даштҳои ноҳияи Мурғоб мегузарад ва он замон одамон ин даштҳоро бо уштуру аспу қутос убур мекарданд. Сайёҳони қутоссавор низ чун аз ин дашти нопайдоканор мегузаранд, лаҳзае худро ҳамсафари ин корвон эҳсос мекунанд.

Як сайёҳи немис дар дафтари сабти хотираҳои Ассотсиатсияи сайёҳӣ, экологию фарҳангӣ навиштааст, ки «мо аз Германия омадем. Тоҷикистон ба мо бисёр маъқул аст. Лоиқи таҳсин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ диққати хосса медиҳад. Фаҳмидем, ки ба  макони сукунати  ин ҳайвонот, ки дур аз манзили зисти одамон мебошад, фақат пиёда ё савора  рафтан мумкин аст.

Муносибат бо ҳайвоноти хонагию ваҳшӣ дар Тоҷикистон барои кишварҳои дигар намунаи ибрат аст. Дар ин ҷо ҳатто ҳайвоноти даррандаи ваҳшӣ ва инсонҳо бо ҳам «забон» меёбанд ва ба зиндагии ҳамдигар халал намерасонанд. Дар ин сафар ман бори аввал болои қутос савор шуда, бисёр манзараҳои зеборо аз наздик тамшо кардам. Аксҳои зиёд гирифтам, бо мақсади он ки шояд агар ба дӯстони худ дар бораи ин сафарам қисса кунам, онҳо бовар намекунанд. Дар оянда кӯшиш мекунам, ки дӯстони худро низ ҳамроҳ ба ин ноҳияи баландкӯҳ биёрам».

Дар ноҳияи Мурғоб зиёда аз 2,5 миллион гектар масоҳати чарогоҳ мавҷуд буда, барои парвариши қутос  хеле мусоид аст. Қутос чаҳор фасли сол дар ин чарогоҳҳо барои худ ғизо пайдо мекунад. Танҳо дар сурати аз 20 см зиёд шудани ғафсии барф ба кумаки чорводорон ниёз пайдо мекунад. Вазни баъзе аз намудҳои ин ҳайвон то ба як тонна мерасад.

 

Август 17, 2019 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд