«Сомон Эйр» дар маросими «Ҳаҷ-2019» аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба Ҷиддаи Арабистони Саудӣ 24 парвоз анҷом дод
ДУШАНБЕ, 03.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» марҳалаи якуми барномаи «Ҳаҷ-2019»-ро, ки дар доираи он 3750 нафар зоирин аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба Ҷидда интиқол дода шуданд, анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Сарчашма хабар медиҳад, ки хатсайри аввалин тибқи барномаи давлатии «Ҳаҷ-2019» 22 июл сурат гирифта, парвози охирин дар самти Душанбе-Ҷидда 2 август анҷом дода шуд. Дар давраи интиқоли зоирини тоҷик ба Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар маҷмӯъ 24 хатсайр, аз ҷумла – 3 хатсайр аз Хуҷанд, 2 хатсайр аз Кӯлоб ва 19 хатсайр аз Душанбе Чидда анҷом дод. Марҳалаи бозгашти зоирин аз Ҷидда ба шаҳрҳои Тоҷикистон аз 21 август дар масири Ҷидда-Душанбе оғоз мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона иҷро менамояд.
Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2017 инҷониб аъзои IATA мебошад.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






