«Тоҷикистон-2019» — муаррифи дастовардҳои тавлидотии мамлакат

Август 14, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 14.08.2019/АМИТ «Ховар»/. Маҳсулоти тавлидотии Ҷумҳурии Тоҷикистон охири моҳи октябр дар Намоишгоҳ-ярмаркаи универсиалии «Тоҷикистон-2019», ки дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир мегардад, дар масоҳати 600 метри мураббаъ ба намоиш гузошта мешавад.

Намоишгоҳ  бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати мамлакат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафи он муаррифии молу маҳсулоти  корхонаю ширкатҳои тавлидотии ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.

Аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар намоишгоҳ корхонаю ширкатҳои тавлидотии ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро дар бахшҳои  энергетика, нақлиёт, логистика, саноати кӯҳӣ, мошинсозӣ,  саноати вазнин ва сабук, сайёҳӣ, сармоягузорӣ,  молия ва бонкдорӣ,  кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва технологияҳои муосир ба намоиш мегузоранд.  

Август 14, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад