Тоҷикистон ва Эрон ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш таҳким мебахшанд
ДУШАНБЕ, 13.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Теҳрон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири варзиш ва ҷавонони кишвари иқомат Масъуди Султонифар мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тавре гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаи варзишро мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди муносибатҳо дар соҳаи варзиш, мубодилаи таҷриба байни мутахассисони ҳар ду тараф, баргузории давраҳои таълимӣ-варзишӣ байни аъзои дастаҳои мунтахаби ду кишвар дар риштаҳои гуногуни варзиш, баргузор намудани намоишгоҳи муштараки молу маҳсулоти варзишӣ аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи соҳавӣ арзёбӣ гардиданд», — омадааст дар хабари манбаъ.








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






