«ЗЕБОСАНАМ-2019». Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни зебоӣ ва ҳунар баргузор мегардад

Август 4, 2019 08:17

ДУШАНБЕ,  04.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкати ватании «Тоҷик Кристалл» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки моҳи август таҳти унвони «Зебосанам -2019» Озмуни ҷумҳуриявии зебоӣ ва ҳунар баргузор намояд. Дар ин бора аз ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, баргузории даври аввали интихобии озмун 6 август дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва даври дуюм ва ниҳоии он моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Мақсад аз гузаронидани озмун- эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

Озмун аз рӯи шартҳои зерин ва риояи вақти муқарраргардида доир мегардад: муаррифии ҳусни зебоии табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ.

Ёдовар мешавем, ки тибқи нишондодҳои оморӣ, қисмати зиёди ҷомеаи Тоҷикистонро насли ҷавон ва хусусан ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин қишр асосан дар марҳилаи гузариш аз айёми ҷавонӣ ба солорӣ қарор дорад, аз ин рӯ ҳарчи бештар ташкил намудани барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва озмуну маҳфилҳо, бурдани корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотӣ миёни онҳо мувофиқи мақсад аст.

Дар ҳамин радиф, бо мақсади дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавондухтарон ва болидахотирии онҳо пайваста озмунҳои гуногуни маърифатӣ-зеҳнӣ ташкил карда мешаванд.

 

Август 4, 2019 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид