ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Турсунзода бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ ва ҳашари дастҷамъонаи сокинон бинои таълимӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 5, 2019 17:26

ТУРСУНЗОДА, 05.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода  ду бинои нави таълимӣ  барои 1500 нафар хонанда дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 11 ва 26 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Раиси шаҳр ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бинои  иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Япония бунёд ёфтааст. Ин иншоот аз 6 синфхона ва утоқҳои корӣ иборат буда, дар он барои 300 нафар хонанда шароит муҳайё мебошад. Синфхона ва утоқҳои бинои нави муассисаи мазкур бо мизу курсӣ, тахтаи синф ва дигар лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

ДАР АКС: Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ба пешсафони ҷабҳаи бунёдкорӣ ва ободонӣ мукофот месупорад.

Иншооти  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов ва ҳашари дастҷамъонаи омӯзгорону дигар сокинони маҳаллӣ бунёд ёфтааст. Ин бино аз 2 ошёна, 20 синфхона ва 4 утоқӣ корӣ иборат буда, барои 1200 хонанда пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин дар оғози соли таҳсили 2019-2020 дар шаҳри Турсунзода дар назди 14 муассисаи таълимӣ 78 синфхонаи иловагӣ, 3 толори варзишӣ ва 3 маҷлисгоҳ ба истифода дода шуд, ки имрӯзҳо хонандагон дар онҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд. Бинову синфхонаҳои нави таълимӣ дар шаҳри Турсунзода тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомот бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Зимни кушодашавии муассисаҳои таълимӣ  аз ҷониби намояндаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби Шӯрои амнияти мамлдакат Маҳмадалӣ Ватанзода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сокинони фаъоли шаҳр ба хотири саҳми муносиб гузоштан дар корҳои ободонӣ бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Сентябрь 5, 2019 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад