ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Турсунзода бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ ва ҳашари дастҷамъонаи сокинон бинои таълимӣ ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 05.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ду бинои нави таълимӣ барои 1500 нафар хонанда дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 11 ва 26 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Раиси шаҳр ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Япония бунёд ёфтааст. Ин иншоот аз 6 синфхона ва утоқҳои корӣ иборат буда, дар он барои 300 нафар хонанда шароит муҳайё мебошад. Синфхона ва утоқҳои бинои нави муассисаи мазкур бо мизу курсӣ, тахтаи синф ва дигар лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

ДАР АКС: Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ба пешсафони ҷабҳаи бунёдкорӣ ва ободонӣ мукофот месупорад.
Иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов ва ҳашари дастҷамъонаи омӯзгорону дигар сокинони маҳаллӣ бунёд ёфтааст. Ин бино аз 2 ошёна, 20 синфхона ва 4 утоқӣ корӣ иборат буда, барои 1200 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин дар оғози соли таҳсили 2019-2020 дар шаҳри Турсунзода дар назди 14 муассисаи таълимӣ 78 синфхонаи иловагӣ, 3 толори варзишӣ ва 3 маҷлисгоҳ ба истифода дода шуд, ки имрӯзҳо хонандагон дар онҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд. Бинову синфхонаҳои нави таълимӣ дар шаҳри Турсунзода тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомот бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Зимни кушодашавии муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби Шӯрои амнияти мамлдакат Маҳмадалӣ Ватанзода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сокинони фаъоли шаҳр ба хотири саҳми муносиб гузоштан дар корҳои ободонӣ бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд






