ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: «Тоҷфилиз» — аввалин корхонаи ватанӣ, ки ба коркарди оҳан, истеҳсоли сими чиндор, мех ва мехи печон машғул аст

Сентябрь 17, 2019 13:45

ХУҶАНД, 17.09.2019.  /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи эълон гардидани «1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бунёди 7000 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад ШАРИФЗОДА гузориш медиҳад.

Барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ки баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат нигаронида шудаанд, тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд.

Мисоли равшан он аст, ки охири моҳи август дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ҶДММ «Тоҷфилиз», ки ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, яъне  маҳсулоти сохтмонӣ равона гардидааст,  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ давоми ҳашт моҳ бунёд гардида, аввалин корхона дар қаламрави Тоҷикистон аст, ки ба коркарди филиз (металл), истеҳсоли мех ва мехи печон нигаронида шудааст.

Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷфилиз» Ҷамшед БАЙЗОЕВ   оид ба фаъолият ва ҳадафҳои минбаъдаи ин коргоҳи навбунёд зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин гуфт: «Мо, соҳибкорон омодаем, ки бо пуштибониву дастгирии роҳбарияти олии мамлакат ва бо истифода аз шароити фароҳамгардида барои татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ саҳм гузорем. Зеро имрӯзҳо барои ташкил ва фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат имтиёзҳои зиёд фароҳам оварда шудаанд».

Бояд  зикр кард, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити кор ва ҷараёни истеҳсолот иқдоми ҷомеаи меҳнатии коргоҳро дар робита ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, таъмини бозори дохилӣ, тақвияти имконияти содиротӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, баҳри дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он баҳои баланд дода, барои пешбурди фаъолият,  тавлиди маҳсулот ва сифати он ба роҳбарият ва мутахассисони коргоҳ  маслиҳатҳои мушаххас доданд.

«Аз гуфтаҳои Сарвари давлат ҷомеаи коргоҳ рӯҳбаланд гардиданд ва мо иқдом гирифтем, ки бо истеҳсоли маҳсулоти сифатнок ба эътимоди харидорон сазовор гардида, дар бозори дохил ва хориҷи мамлакат мизоҷони бештар пайдо намоем», — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба  гуфтаи Ҷамшед Байзоев, маҳсулоти истеҳсолкунандаи коргоҳ асосан барои қонеъсозии талаботи бозори дохилӣ нигаронида шуда, иқтидори пурраи фаъолияти корхона дар як моҳ коркарди то 600 тонна металл мебошад. Аз ин шумора 300 тонна меху сими чиндор ва 300 тонна  мехи печон мебошад.

«Ҳоло дар коргоҳ қариб 100 намуд маҳсулот, 12 намуд мех, 6 намуд сими чиндор, 80 намуд мехи печон бо  андозахои гуногун истеҳсол гардида истодаанд. Аз ҷумла, мехи печон барои гаҷтахта,  пластик,   оҳан,  чӯб,  бомпӯшӣ ва мебел бо андозаҳои аз 1,8 х 40  то  6 х 50 истеҳсол карда мешаванд», — гуфт мавсуф.

Зикр гардид, ки то имрӯз ин навъи маҳсулот ба мамлакати мо аз хориҷ ворид гардида, ифтитоҳи коргоҳи нав, ки  бо муосиртарин хати истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ таъмин аст, метавонад бо назардошти талабот ва стандартҳои байналмилалӣ ва истеҳсоли маҳсулоти сифатноки худ дар бозорҳои дохили мамлакат ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда рақобат намояд.

Мавриди зикр аст, ки корхонаи мазкур бо харҷи зиёда аз 18 миллион сомонӣ бунёд гардида,  ҳоло дар ду сехи истеҳсолӣ ба маблағи зиёда аз 8 млн.сомонӣ 64 адад таҷҳизот барои истеҳсоли мехи печон, 15 адад дастгоҳи истеҳсоли мех, 3 адад таҷҳизоти гудозиши ашёи хом, 21 адад таҷҳизоти хаттӣ барои кашидани сим, 1 адад таҷҳизоти обу тобдиҳӣ, 1 адад таҷҳизоти руҳандудкунонӣ (синк), 1 адад таҷҳизоти рангуборкунӣ ва 3 адад таҷҳизоти борпечонӣ кор мекунанд. Коргарони коргоҳ аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, малакаи хуби кор бо дастгоҳҳои муосирро соҳибанд.

«Баробари пурра фаъол гардидани корхона дар ду баст беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҳоло дар як баст 55 нафар фаъолият дошта, маоши кормандон аз 1500 то 2500 сомониро ташкил медиҳад», — илова намуд Ҷамшед Байзоев.

ҶДММ «Тоҷфилиз» дар масоҳати 3 ҳазору 875 метри мураббаъ бо назардошти талаботи муосири сохтмонӣ ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бунёд гардида, дорои дигар иншооти ёрирасон барои банду баст ва интиқолу кашонидани маҳсулот мебошад.

Гарчанде аз оғози фаъолияти корхона як моҳ нагузашта бошад ҳам, аллакай аз ҷониби чанд коргоҳи ба истеҳсоли тирезаҳои пластикӣ ва мебел машғул барои истеҳсол намудани навъҳои ба онҳо мувофиқи мехҳои печон ва мурват дархостҳо оид ба ҳамкорӣ ва харид пешниҳод гардидаанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, коргоҳ ашёи хомро барои истеҳсоли мех ва сими чиндор  асосан аз корхонаҳои ватанӣ ва барои истеҳсоли мехи печон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ менамояд. Дар робита ба мушкилоти дар назди коргоҳ истода гуфта шуд, ки айни ҳол корхона барои пешбурди фаъолияти худ ягон душворӣ надорад.

Ба иттилои масъулин, ҳоло дар коргоҳ 10 нафар занон фаъолият дошта, роҳбарият ният дорад шумораи онҳоро зиёд намояд.

«Ҳамзамон тибқи нақша, дар коргоҳ ташкили сехи истеҳсоли мурват  ва инчунин баҳри таъмини коргарони соҳибтахассус  дар худуди коргоҳ барои омӯзиш ва тайёр намудани коргарон ташкили синфхонаи омӯзишӣ   низ дар назар аст», -илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Бояд гуфт, ки ташкили чунин коргоҳ дар шаҳри саноатчиён – Бӯстон, бешубҳа, заминаест барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат. Ифтитоҳи ин коргоҳ барои тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда сабаб гардида, дар оянда метавонад иқтидори содиротии саноати шаҳрро боз ҳам афзун намояд. Зеро талабот ба чунин маҳсулоти хушсифату зарурӣ на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ низ хеле зиёд буда, ҶДММ «Тоҷфилиз» аз шумури корхонаҳои калони истеҳсолкунандаи ин намуд маҳсулот дар дохили мамлакат ба ҳисоб меравад.

Бо итминон метавон гуфт, ки ҶДММ «Тоҷфилиз» ояндаи наздик дар афзоиши ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ҳамзамон ғанигардонии буҷети маҳалии шаҳрӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
 АМИТ «Ховар»
Хуҷанд-Бӯстон-Хуҷанд

Сентябрь 17, 2019 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Исломобод Бизнес-форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Тақвият ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар бахши обу энергетика баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон созишномаи Низоми муосири идоракунии дороиҳои роҳ ба имзо расид
Дар Академияи илмҳои кишоварзӣ масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос баррасӣ шуд
Дар Хатлон оид ба иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ барои соли 2025 машварат баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресс ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд
Нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 -2028» муаррифӣ гардид
Лоиҳаи Кодекси энергетикии Тоҷикистон таҳия мешавад
Масъалаи ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо «Машриқ Бонк» муҳокима гардид
Ҷаласаи якуми Шурои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ доир гардид
Дар Бонки миллӣ лоиҳаи пилотӣ оид ба барориши вомбаргҳо барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ муҳокима шуд
Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд