Ҳайати кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 17.09.2019./АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр ҳайати кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини аввали ин мақомот Азиз Тошпулатов бо мақсади тақвият додани ҳамкорӣ, мусоидат дар пешгирию мубориза бо ҷинояткорӣ ва баррасии масоили марбут ба фаъолияти хизматии мутақобилан судманд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, худи ҳамин рӯз ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид, ки дар он муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, сардорони раёсатҳои ВКД дар вилояти Суғд, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД-и Тоҷикистон ва гурӯҳи кории ҳайати меҳмонон — сардорони Сарраёсати кофтукови ҷиноятӣ, муовини аввали сардори Сарраёсати мубориза бо терроризм ва экстремизм, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Сарраёсати кофтукови ҷиноятӣ, сардори шуъбаи фаъолияти ҷустуҷӯии Сарраёсати кофтукови ҷиноятӣ ва сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ, табодули таҷриба дар самти мубориза алайҳи унсурҳои ҷиноятӣ ва доду гирифти иттилооти фаврӣ баҳри пешгирии чинояткорӣ, аз ҷумла чиноятҳои дорои характери экстремистӣ-террористӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, мусоидат намудан дар дастгиркунии ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда, убури ғайриқонунии марз ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти таъмини амнияту тартибот мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳошияи ҷаласаи ҳамоҳангсозии гурӯҳи кории вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Тошпулатов вохӯрӣ намуд.
Рамазон Раҳимзода ҳайати меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳори итминон кард, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду мамлакат боз ҳам тақвият ёфта, дар пешрафти фаъолият ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя нақши созгор хоҳанд гузошт.
Зимни вохӯрии баргузоргардида ҷонибҳо оид ба тақвият бахшидан ба ҳамкории судманди мақомоти корҳои дохилӣ, муборизаи дастаҷамъона бурдан бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, терроризму экстремизм, қочоқи маводи нашъаовар, пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, инчунин мубодилаи иттилоот, мусоидат намудан дар дастгиркунии ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, ҳамчунин барои боз ҳам ҷоннок ва қавитар гардонидани фаъолияти ҳамоҳангсозии гурӯҳи кории вазоратҳои корҳои дохилии ду давлати ҳамсоя ибрози андеша намуданд.
Баъди баргузории ҷаласа сафари ҳайати меҳмонон ба вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷараёни он иловатан иттилоъ хоҳем дод.









Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






