Ҳайати Тоҷикистонро дар Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 24.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирўз дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамоиш таҳти унвони «Фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ» ва Саммити иқлим баргузор гадид. Ҳамоиши «Фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ» ва Саммити иқлим намояндагони беш аз 190 кишвари дунёро ба ҳам овард.
Дар Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мулоқоту музокирот ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад.
Дар баробари намояндагони дигар кишварҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳамоишу саммити мазкур баромад намуда, аз ташаббусҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳифзи солимии ҷомеа ва иқлим, аз ҷумла об ва ҳифзи муҳити зист ёдовар гардид.
Гуфта шуд, ки дар доираи сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди чоруми Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазирифта шуд, ки ин Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад.








Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад






