Ҳамкории Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Брюссел баррасӣ гардид

Сентябрь 19, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 19.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябри 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс Эркинхон Раҳматуллозода бо муовини Роҳбари Академияи дипломатии Брюссел профессор Кэйлин Маккензи ва мушовири роҳбари ин ниҳод Жан Брабандер доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот мусоҳибон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Брюсселро баррасӣ намуда, ба имконоти омодасозии кадрҳо дар ин ҷода, барпо намудани равобити корӣ байни ин ниҳод ва муассисаҳои  марбутаи  давлати  мо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки зарфият ва имконоти ҷонибҳоро амиқан омӯхта, ба мавзӯъҳои мушаххаси ҳамкорӣ бармегарданд.

АКС: ВКХ ҶТ

Сентябрь 19, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд