Ансамбли «Зебо» дар Фестивали байналмилалии «Мӯъҷизаи рақс» дар Ӯзбекистон иштирок дорад

Сентябрь 16, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар/. Шоми имрӯз, 16 сентябр маросими ҷамъбасти ботантанаи Фестивали байналмилалии «Мӯъҷизаи рақс», ки 14 сентябр  дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз  гардида буд, бо баргузории гала-консерт дар назар аст.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин фестивал Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ансамбли рақсии «Зебо»-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Зебо Аминзода муаррифӣ доранд.

Дар фестивал дар радифи намояндагони 20 давлати ҷаҳон ва гурӯҳҳои рақсӣ аз тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон Ансамбли рақсии «Зебо»-и шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳунарнамоӣ дорад.

Фестивали мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон, Кумитаи давлатии рушди туризм, ҳукумати вилояти Хоразм ташкил гардидааст.

Бино ба маълумоти манбаъ, дар доираи фестивал барномаҳои консертӣ ва намоишҳои театришуда, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва хӯроки миллии Хоразм баргузор гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки  Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» соли 2018 бо ду барномаи консертии «Шоми дўстӣ» ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари ҳунарӣ намуда буд.

Бояд гуфт, ки ансамбли мазкур соли 1978  дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Барои ташкил намудани ансамбл собиқ Раиси Кумитаи телевизион ва радио Ғоиб Қаландаров Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебо Аминзодаро даъват намуд.

Барномаи аввалини ансамбл, ки аз 13 рақс иборат буд, ба воситаи оинаи нилгун ба тамошобинон пешниҳод шуд. Пас аз намоиши барномаи нахустин ба тамошобинон муроҷиат намуданд, ки ба ин ансамбли рақсии навтаъсис ном гузоранд. Аксарият тавассути мактубҳо пешниҳод доштанд, ки барои рақсҳои мавзуну зебо, мусиқии зебо, духтарони зебо ва роҳбари ансамбл ҳам, ки Зебо ном дорад, номи ансамбл «Зебо» гузошта шавад.

Ансамбли «Зебо» дар муддати кўтоҳ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он обрӯю эътибори хеле калон пайдо кард. Репертуари ансамблро рақсҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, афғонӣ, озарӣ, уйғурӣ, арабӣ, испанӣ, бирманӣ, ҳиндугӣ ва дигар мардумони Шарқу Ғарб дар бар мегирифтанд.

Ансамбли «Зебо» солҳои 1978-1993 рақсҳои зерин: «Рақси зебо», «Эй санам», «Бибисанам», «Каҷаке», «Сабзинаранг», «То боди сабо»,  «Нағмаи ораз», «Турки шерозӣ», «Суруди некӣ», «Сарви хиромон», «Чак-чаки борон», «Уфари уззол», «Чоргоҳ», «Русские узоры», «Лесная сказка», «Дар чаман», «Базморо», «Занг бизан», «Майда-майда мерақсӣ», рақси афғонии «Атан», рақси испании «Фламенко», рақси ҳиндии классикӣ ва ғайраҳоро рўи саҳнаи касбӣ оварда, тавассути телевизион ба тамошобинони сершумори ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он намоиш дод.

Ансамбли рақсии «Зебо» соли 1982 лауреати мукофоти Комсомоли Ленинии умумииттифоқ гардида, соли 1985 дар Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон дар шаҳри Москва иштирок намуда, лауреати Фестивал гардид.

Бо қарори коллегияи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Дастаҳои ҳунарӣ» номи «Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ»-ро гирифта, дар ин давра Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи гурўҳҳои рақсӣ беҳтарин ансамбл дар ҷумҳурӣ дониста шуд. Соли 2002 ансамбли мазкур дар Фестивали байналмилалии «Баҳори апрел» дар шаҳри Пхеняни Ҷумҳурии Корея бо муваффақият ҳунарнамоӣ намуда, сазовори «Ҷоми тилло»-и он гардид.

Соли 2003 ансамбл дар Намоишгоҳи хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ганновери Ҷумҳурии Федералии Германия ҳунарнамоӣ намуда, сазовори ҷоизаву ифтихорномаҳо шуд. Соли 2004 ҳайати  ансамбл ба Япония сафари ҳунарӣ намуда, дар 23 шаҳри ин мамлакат санъати хореографияи касбии тоҷикро муаррифӣ намуданд. Соли 2005 гулдухтарони ансамбли раксии «Зебо» аз 5 то 16 октябр дар Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  ва Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО- шаҳри Парижи Франсия бо муваффақият ҳунарнамоӣ намуданд.

Соли 2005 Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» барои хизматҳои шоён бо «Ифтихорнома»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Соли 2014 бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз сари нав эҳё намудани Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» Артисткаи халқии СССР Зебо Аминзода ба ҳайси роҳбари бадеии ансамбл даъват гардид. Мавсуф дар як муддати кўтоҳ тавонист ансамблро аз нав эҳё намояд. Ба ҳайати он талабагони мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе дар асоси озмун қабул шуданд. Баъд аз ду моҳи фаъолият Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар барномаи консертӣ бахшида ба баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати 40 нафар бо панҷ барномаи рақсӣ баромад намуд.

Муаррифии Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» 21 майи соли 2016 бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» бо роҳбарии Артисткаи халқии СССР Зебо Аминзода дар ҳама чорабиниҳои давлатӣ ва сафарҳои ҳунарӣ дар хориҷи мамлакат фаъолона ва дар сатҳи баланди эҷодӣ иштирок менамояд.

Соли 2016 дар Рўзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ансамбл бо барномаи хеле ҷолиб дар назди тамошобинони ин кишвар ҳунарнамоӣ намуд.

Соли 2017 баъд аз 20 сол Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардиданд. Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» бо 3 барномаи рангин хотири тамошобинони Ӯзбекистонро болида гардонид.

Соли 2018 Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар ду барномаи консертии «Шоми дўстӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон баромад карда, дар муаррифии санъати хореографияи миллии  тоҷик саҳми босазо гузошт.

Имрӯзҳо ҳайати ҳунарии Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» таҳти роҳбарии Зебо Аминзода кўшиш доранд, ки дар рушду нумўи рақси миллӣ ва ташвиқу тарғиби санъати касбии тоҷик дар  фестивалҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ саҳми назаррас гузоранд.

Сентябрь 16, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд