Ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Варзоб 9,5 ҳазор китоби бадеӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 27.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи барномаи «Ҳамроҳ бихонем», ки аз ҷониби Агентии рушди байналмилалии Амрико дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад, ба 56 муассисаи таълимии ноҳияи Варзоб беш аз 9,5 ҳазор нусха китобҳои бадеии бачагонаи барои синфҳои 1-4 тавсияшуда тақдим гардид.
Дар маросими супоридани китобҳо, ки дар доираи Рӯзи байналмилалии саводнокӣ сурат гирифт, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуданд. Дар маросими супоридани китобҳо муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳидин Усмонзода доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф гуфт, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, дар партави сиёсати маорифдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфи солҳои охир соҳаи маорифи мамлакат беш аз пеш рушд ёфта, ба ҳайси соҳаи калидӣ ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст.
Фатҳиддин Усмонзода таъкид намуд, ки дар хондани китоб ҳарчи бештар талош варзанд ва ҳамсолони худро ба китобхонӣ тарғиб намоянд. Бо дахли ҷойгоҳи китоб ва китобхонӣ дар ҳаёти инсон зикр гардид, ки китоб барои инсон сарчашма ва хазинаи илму дониш мебошад. Аз ин рӯ, толибимонро ба мутолиаи бештари китобҳо, ки дар баланд бардоштани дониш, саводнокӣ ва маърифати онҳо нақши муассир мегузорад, ҳидоят кард.
Зикр шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тақвияти малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ тавассути Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» ҳамкорӣ менамояд. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мақсади беҳтар кардани натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои 1-4, тавассути зиёд кардани дастрасӣ ба маводи хониши ба синну сол мувофиқ, омӯзиши усули муосири таълим ва ҳамгироии навовариҳои таълимӣ фаъолият мекунанд. Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» барои дастгирии ин иқдом 614 ҳазору 900 китобҳои бадеии бачагонаи бо сифати баланд чопшуда ва ба синну сол мувофиқро ба 2 ҳазору 800 муассисаи таҳсилоти умумии мамлакат тақдим намуд.
Тақдими китобҳои бадеии бачагона ба мактабҳои ҷумҳурӣ ба рушди фарҳанги хониш мусоидат мекунад. Лоиҳа барои тақвияти хониш дар мактаб, оила, ҷомеа ва баргузории чорабиниҳои беруназсинфӣ муассисаҳои таълимиро бо дастурамалҳо таъмин мекунад. Беҳтар кардани малакаҳои хониш метавонад ба хонандагон барои муваффақ шудан дар омӯзиши ҳамаи фанҳои мактаб кумак кунад.










«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Хатлон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Гулистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд
Корманди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 довталаб соҳиби Шоҳҷоиза шуд






