Ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Варзоб 9,5 ҳазор китоби бадеӣ тақдим гардид

Сентябрь 27, 2019 15:13

ДУШАНБЕ, 27.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи барномаи «Ҳамроҳ бихонем», ки аз ҷониби Агентии рушди байналмилалии Амрико дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  татбиқ мегардад, ба 56 муассисаи таълимии  ноҳияи Варзоб беш аз  9,5 ҳазор нусха китобҳои бадеии бачагонаи барои синфҳои 1-4 тавсияшуда  тақдим гардид.

Дар маросими супоридани китобҳо, ки дар доираи Рӯзи байналмилалии саводнокӣ сурат гирифт, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, намояндагони мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуданд. Дар маросими супоридани китобҳо муовини  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   Фатҳидин Усмонзода доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф гуфт, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, дар партави сиёсати маорифдӯстонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зарфи солҳои охир соҳаи маорифи мамлакат беш аз пеш рушд ёфта, ба ҳайси соҳаи калидӣ ва афзалиятноки Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст.

Фатҳиддин Усмонзода таъкид намуд, ки дар хондани китоб ҳарчи бештар талош варзанд ва ҳамсолони худро ба китобхонӣ тарғиб намоянд. Бо дахли ҷойгоҳи китоб ва китобхонӣ дар ҳаёти инсон зикр гардид, ки китоб барои инсон сарчашма ва хазинаи илму дониш мебошад. Аз ин рӯ, толибимонро ба мутолиаи  бештари китобҳо, ки дар баланд бардоштани дониш, саводнокӣ ва маърифати онҳо нақши муассир мегузорад, ҳидоят кард.

Зикр шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тақвияти  малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ тавассути Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» ҳамкорӣ менамояд. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мақсади беҳтар кардани натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои 1-4, тавассути  зиёд кардани дастрасӣ ба  маводи хониши ба синну сол мувофиқ,  омӯзиши  усули муосири таълим ва ҳамгироии навовариҳои таълимӣ фаъолият мекунанд. Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» барои дастгирии ин иқдом 614 ҳазору 900 китобҳои бадеии бачагонаи бо сифати баланд чопшуда ва ба синну сол мувофиқро ба 2 ҳазору 800 муассисаи  таҳсилоти  умумии  мамлакат тақдим намуд.

Тақдими китобҳои бадеии бачагона  ба мактабҳои ҷумҳурӣ ба рушди фарҳанги хониш мусоидат мекунад. Лоиҳа барои тақвияти хониш дар мактаб, оила, ҷомеа ва баргузории чорабиниҳои беруназсинфӣ муассисаҳои таълимиро бо дастурамалҳо таъмин мекунад. Беҳтар кардани малакаҳои хониш  метавонад ба хонандагон барои муваффақ шудан дар омӯзиши ҳамаи фанҳои мактаб кумак кунад.

Сентябрь 27, 2019 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар муассисаҳои таълимии Файзобод ва Нуробод машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Донишу маърифат ба аҳли башар бузургӣ ва хушбахтӣ меоранд
Нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 баргузор гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони озмунҳои сатҳи баланд дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз пардохти маблағи шартнома озод мегарданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Суғд барои қадршиносии ғолибони озмун беш аз 600 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
Соли 2023 донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоҳҷоизаҳои ду озмуни ҷумҳуриявиро сазовор гаштанд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Академияи миллии илмҳо оид ба ин озмун ҷаласа баргузор гардид