Барандагони озмуни вилоятии «Ворисони Сино» дар Хатлон муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 02.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин барандагони озмуни вилоятии «Ворисони Сино» дар Хатлон эълон шуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, бо мақсади ҳавасмандкунии кормандони соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода озмуни «Ворисони Сино» дар сатҳи вилоят баргузор гардид. Мувофиқи низомномаи озмун, ҳамасола шаш нафар кормандони соҳаи тиб барандаи озмун хоҳанд шуд.
Барандагони озмуни «Ворисони Сино» соли 2019 шаш нафар табибон, аз ҷумла директори Маркази бемориҳои дили вилоят Иброҳим Мусоев, мудири шуъбаи ҷарроҳии умумии Беморхонаи вилоятии ба номи «Бурӣ Воҳидов» дар шаҳри Бохтар Шералӣ Ҳодиев, муовини менеҷери Кумаки аввалияи тиббию санитарии (КАТС) шаҳри Бохтар Толибҷон Бекназаров, директори Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили вилоят Шамсулло Олимзода, сардухтури Беморхонаи вилоятии бемориҳои чашм дар шаҳри Кулоб Суҳроб Сайдалиев, сардухтури Беморхонаи вилоятии кӯдакона дар шаҳри Кӯлоб Муҳсиддин Қамаров эълон гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми панҷ ҳазор сомонӣ аз тарафи Раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
Озмуни «Ворисони Сино» дар вилояти Хатлон дар робита ба он баргузор гардид, ки қаблан раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода эълон карда буд, ки ҳар корманди соҳаи тибби вилоят зимни навиштани корҳои илмӣ ва ҳимояи рисолаи номзадӣ соҳиби панҷ ҳазор сомонӣ хоҳад шуд.
Инчунин тибқи гуфтаи раиси вилояти Хатлон, зимни ҳимояи рисолаи докторӣ ҳар табибе, ки дар ин вилоят фаъолият менамояд, бо даҳ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки соли 2019 сардухтури Маркази санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар ва собиқ сардухтури Беморхонаи шаҳри Бохтар, яке аз ҷарроҳони номдори вилоят Файзалӣ Назаров, ки рисолаи доктории худро ҳимоя намуд, аз тарафи раиси вилоят бо даҳ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Ба иттилои манбаъ, анъанаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва ба корҳои илмӣ ҷалб намудани табибони вилояти Хатлон минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Умед аст, ки тадбири мазкур имкон медиҳад табибони вилоят ба соҳаи илм бештар рӯ оранд.
Ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят айни замон 3 ҳазору 31 нафар кормандони соҳаи тиб ба мардум хизмат мерасонанд, ки аз ин се нафар доктор ва 23 нафар номзади илмҳои тиб мебошанд.








Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид






