Чемпионати Осиё-2020: Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад

Сентябрь 27, 2019 08:45

ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони  то  19-сола дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби  Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад. Дар ин бора   шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи хабари манбаъ, мусобиқаи ин гурӯҳ аз 2  то 6  октябр  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон   бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов 2  октябр бо Молдив, 4  октябр бо Лубнон ва 6  октябр бо Сурия рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати футболбозони ҷавони тоҷик соати 19:00 шурӯъ мешаванд. Дар марҳилаи интихобии Чемпионати  Осиё-2020 миёни ҷавонони то  19- сола  46 даста ширкат меварзанд, ки тибқи қуръакашӣ, ба 11 гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ, дар минтақаи Шарқ 5 гурӯҳ таъсис ёфтааст. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳ пайдо мекунанд.

Ёдовар  мешавем, ки макони баргузории марҳилаи ниҳоии Чемпионати  Осиё-2020 миёни ҷавонони то  19-сола ҳанӯз муайян нашудааст. Агар мизбони Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то  19-сола дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм шомил гардад, онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.

Таркиби гурӯҳҳои қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то  19-сола:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: Ироқ (мизбон), Уммон, Фаластин, Кувайт, Покистон.

Гурӯҳи «В»: Қатар (мизбон), Яман, Туркманистон, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «С»: Тоҷикистон (мизбон), Сурия, Лубнон, Молдив.

Гурӯҳи «D»: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Эрон (мизбон), Қирғизистон, Непал.

Гурӯҳи «Е»: Урдун, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Бутан.

Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Узбекистон, Ҳиндустон, Афғонистон.

Минтақаи Шарқ

Гурӯҳи «G»: Тайланд, Малайзия, Камбоҷа (мизбон), Бруней, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ.

Гурӯҳи «Н»: Австралия, Тайбэйи Чин (мизбон), Макао, Лаос.

Гурӯҳи «I»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Мянмар (мизбон), Сингапур.

Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Ветнам (мизбон), Муғулистон, Гуам.

Гурӯҳи «К»: Индонезия (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

2-юми октябр (чоршанбе)

16:00 – Сурия – Лубнон

19:00 – Тоҷикистон – Молдив

Даври 2-юм

4-уми октябр (ҷумъа)

16:00 – Молдив – Сурия

19:00 – Лубнон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

6-уми октябр (якшанбе)

16:00 – Лубнон – Молдив

19:00 – Тоҷикистон – Сурия

Сентябрь 27, 2019 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Довар аз Тоҷикистон бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд
Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд