Дар Душанбе «Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сентябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев «Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ» баргузор гардид.
Дар Фестивали байналмилалӣ дастаҳои ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи санъаткорону ҳунармандони як зумра кишварҳои хориҷӣ рақсу суруди миллии хешро манзури иштирокчиён намуданд.
Дар барномаи фарҳангӣ роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, кормандони вазорату идораҳо, инчунин сокинони пойтахт ва меҳмонон аз дохилу хориҷи мамлакат ширкат варзиданд.
Ҳадаф аз баргузории Фестивал – шинос намудани меҳмонони дохилию хориҷӣ бо фарҳангу маданияти миллии кишварҳо ва вусъати муносибатҳои дўстона миёни кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, инчунин ривоҷу равнақ бахшидан ба ҳамкории судманд миёни давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
Бояд зикр намуд, ки барномаи фарҳангӣ дар фазои дӯстона бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Меҳмонон ва иштирокчиёни барнома аз барномаи консертӣ илҳоми тоза ва таассуроти хотирмон бардоштанд.


















Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






