Дар Душанбе «Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сентябри соли 2019, соати 18:00, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев «Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ» баргузор мегардад.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Фестивали байналмилалӣ дастаҳои ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии хориҷии муқими Душанбе ва доираи санъаткорону ҳунармандони як зумра кишварҳои хориҷӣ рақсу суруди миллии хешро манзур менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории фестивал – шинос намудани меҳмонони дохилию хориҷӣ бо фарҳангу маданияти миллии кишварҳо ва вусъати муносибатҳои дўстона миёни кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, инчунин ривоҷу равнақ бахшидан ба ҳамкории судманд миёни давлатҳои дӯсту бародар мебошад.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






