Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, маориф, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ин бора котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуд, ки масъалаи мазкурро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ва намояндаи палатаи лордҳои Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Муҳаммед Илтаф Шейх муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, танзими форумҳои тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Лондон ва таъсиси намояндагии донишгоҳҳои британиягӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ анҷом доданд.
«Зикр гардид, ки сафари меҳмонони британиягӣ ба Тоҷикистон моҳияти мусбат дошта, барои муаррифии бештари кишварҳо дар Парлумон ва ҷалби имкониятҳои Ҳукумати Британияи Кабир дар рушди соҳаҳои мухталифи мамлакати мо мусоидат менамояд»,- афзуд манбаъ.
Зимни ин дидор аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ба ҳисоб мераванд.








Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»






