Дар ноҳияи Рашт биноҳои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва Ҷамоати деҳоти Тагоба ба истифода дода шуданд

Сентябрь 7, 2019 12:02

РАШТ, 07.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори  28-умин солгарди  ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Рашт дар фазои тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев   бинои нави  Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Тагоба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

 Бинои маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои ташхисгоҳи замонавиест, ки бо беҳтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Тибқи иттилои  масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Рашт, соли 2019   дар ноҳия ба истифода додани 52 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Бинои нави  Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Тагоба  ва майдончаи варзишӣ аз ҷумлаи ин иншоот мебошанд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият мавриди истифода қарор дода шуданд.

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  сохтмони 206 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. Инҳо 29   адад варзишгоҳ, 15 адад биноҳои маъмурӣ, 29 адад хатти об нӯшокӣ, 22 адад марказҳои савдо, 12 адад корхонаҳои истеҳсолӣ ва 74 иншоот дар соҳаҳои фарҳангу тандурустӣ ва маориф мебошанд, ки то фарорасии ин ҷашни миллӣ ба  истифода дода мешаванд.

Сентябрь 7, 2019 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд