Дар шаҳри Ҳисор бо ҳузури муовини Сарвазири Тоҷикистон чанд иншооти нав ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои бунёдкорию ободонӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим якчанд иншооти ҷашнии дорои таъйиноти гуногун, ки аз ҷониби соҳибкорони шаҳр бунёд гардидаанд, ба истифода дода шуданд.
Ин иншоот аз бунгоҳи тиббӣ, маркази хизматрасонӣ, толори варзишӣ, нуқтаи савдо ва шустушӯи нақлиёт, инчунин синфхонаҳои иловагӣ иборат мебошанд, ки дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ нақши муассир мегузоранд. Иншооти мазкур дар деҳаҳои Ситора, Гулханӣ ва Кӯҳнабойи Ҷамоати деҳоти Навобод ва Ҳисор бунёд гардидаанд. Дар маросими ба истифода додани иншооти ба шарафи ҷашн бунёдшуда гуфта шуд, ки сокинони шаҳри Ҳисор дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дучанд меҳнат намуда, дар раванди корҳои созандагию ободонӣ дар ҷамоатҳои деҳот саҳм мегузоранд. Онҳо ният доранд, ки ҷашни миллӣ- 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.
Сокинони шаҳри Ҳисор хуб огоҳанд, ки дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ва бо мақсади дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат дар мулоқоташон бо аҳли ҷамоати мамлакат сокинонро вазифадор намуданд, ки ба ин ҷашни таърихӣ аз ҳоло омодагӣ оғоз намуда, барои ободии диёр, бунёди муассисаҳои таълимӣ, таъмири роҳҳо, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ саъю талош варзанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 600 иншооти дорои таъйиноти гуногун бунёд мегарданд.










Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






