Дар шаҳри Ҳисор бо ҳузури муовини Сарвазири Тоҷикистон чанд иншооти нав ба истифода дода шуданд

Сентябрь 11, 2019 15:50

ДУШАНБЕ, 11.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои бунёдкорию ободонӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири  мамлакат Азим Иброҳим якчанд иншооти ҷашнии дорои таъйиноти гуногун, ки  аз ҷониби соҳибкорони шаҳр бунёд гардидаанд,    ба истифода дода шуданд.

Ин иншоот аз бунгоҳи тиббӣ, маркази хизматрасонӣ, толори  варзишӣ, нуқтаи  савдо  ва шустушӯи нақлиёт,  инчунин синфхонаҳои иловагӣ иборат мебошанд, ки дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва  беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ нақши муассир мегузоранд. Иншооти мазкур дар деҳаҳои Ситора, Гулханӣ ва  Кӯҳнабойи Ҷамоати деҳоти Навобод ва Ҳисор бунёд гардидаанд. Дар маросими ба истифода додани иншооти ба шарафи ҷашн бунёдшуда гуфта шуд, ки сокинони шаҳри Ҳисор дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дучанд меҳнат  намуда,  дар раванди корҳои созандагию ободонӣ дар ҷамоатҳои деҳот саҳм мегузоранд. Онҳо ният доранд, ки ҷашни миллӣ- 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас  истиқбол гиранд.

Сокинони шаҳри Ҳисор хуб огоҳанд, ки дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ва бо мақсади дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат дар мулоқоташон бо аҳли ҷамоати мамлакат сокинонро вазифадор намуданд, ки  ба ин ҷашни таърихӣ аз ҳоло омодагӣ оғоз намуда, барои ободии диёр, бунёди муассисаҳои таълимӣ, таъмири роҳҳо, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ саъю талош варзанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 600 иншооти дорои таъйиноти гуногун бунёд мегарданд.

Сентябрь 11, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази «Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» ба фаъолият оғоз намуд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш барои 280 нафар кӯдакистон сохта мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом коргоҳи бастубанди меваи хушк сохта мешавад
Роҳҳои деҳаҳои Шафақу Тезгари болои ноҳияи Рӯдакӣ мумфаршу бетонпӯш карда шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
35–СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб 494 иншоот бунёду навсозӣ карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагӣ идома доранд