Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир гардид

Сентябрь 27, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 27.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-солагии  қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки судяҳои Суди Олии иқтисодӣ ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур ба хотири арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёт нақши барҷаста дорад, гузаронида шуд.

Иштирокдорон иброз доштанд, ки дар тӯли 28 соли сиҳибистиқлолии мамлакат забони давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сол то сол такмил ёфта истодааст.

Дар ҳамоиш маърӯзаҳо ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ, чинӣ ва англисӣ хонда шуданд.

Судяи Суди Олии иқтисодии вилояти Хатлон Толиб Давлатзода дар ҳамоиш иброз намуд, ки «ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири муқаддасоти миллӣ ба забони давлатӣ  бояд арҷ гузорад. Имрӯзҳо дар тамоми мақомоти давлатӣ  ва ниҳодҳои дигари ҷомеа забони давлатӣ мавриди коргузории сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қарор гирифта истодааст». 

Сардори Раёсати таъмини ташкили кори судяҳо ва ҷамъбасти амалияи суди оморӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодӣ Зуҳуриддин Асрорзода дар бораи забони тоҷикӣ ва истифодаи он чунин ибрози андеша намуд: «Барои эҳёи забони давлатӣ дар давраи давлатдории навини Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Зеро маҳз Президенти мамлакат дар минбари Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевои тоҷикӣ сухан кардаанд. Забони тоҷикӣ дар баробари сад забони беҳтарини ҷаҳон шинохта шудааст. Дар тамоми дунё зиёда аз 160 млн нафар инсонҳо бо забони шевои тоҷикӣ ва форсӣ муошират мекунанд».

Зикр гардид, ки Пешвои миллат дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» дар бораи гузашта ва имрӯзи забони мо чунин суханҳои нек гуфтаанд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

Мояи ифтихор аст, ки ёдгориҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ маҳз ба воситаи забони шево ва пурғановати тоҷикӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замони мо расидаанд. Имрӯз оламиён ба он дастрасӣ пайдо намудаанд, ки ин ҳам сабаби ифтихори ворисони ин тамаддуни қадимӣ ва ҳам масъулияти бузурги онҳо дар назди гузашта ва имрӯзу оянда мебошад.

Инчунин зимни ҳамоиш иштирокдорон маърӯзаҳои пурмазмуни хешро доир ба бақои забони миллӣ баён дошта, гиромӣ доштани забони тоҷикиро вазифаи инсониву виҷдонии ҳар фарди бонангу номуси мамлакат шумориданд.

Таъкид гардид, ки забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассуми таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик ва сарвати бебаҳои он ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009  бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид.

Сентябрь 27, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид