Дар вилояти Суғд қариб 700 кг маводи нашъадор сӯзонида шуд
ХУҶАНД, 02.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар оташдони махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо иштироки комиссияи махсус аз Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратураю суд ва дигар сохторҳои марбута маросими сӯзонидани маводи нашъадор доир гардид.
Тавре масъули Хадамоти матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, маводи сӯзонидашуда натиҷаи фаъолияти милитсияи Суғд буда, он дар доираи тадбирҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира гардидааст.
Дар ин рӯз тибқи далелҳои шайъии ҳалнома ва таъйиноти судии аз рӯи 256 парвандаи ҷиноятӣ ба тасвиб расида, қариб 700 килограмм намудҳои гуногуни маводи нашъадор, аз ҷумла, 25 кг 265 гр героин, 422 кг 688 гр ҳашиш, 143 кг 892 гр афюн, 37 кг 214 гр бангдона, 5400 ниҳоли кӯкнор, 94 ниҳоли бангдона, 9 ампула фенобарбитал дар асоси иҷрои варақаҳои судӣ дар оташдон сӯзонида шуданд.








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






