Дар вилояти Суғд қариб 700 кг маводи нашъадор сӯзонида шуд

Сентябрь 2, 2019 14:30

ХУҶАНД, 02.09.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар оташдони махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо иштироки комиссияи махсус аз Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратураю суд ва дигар сохторҳои марбута маросими сӯзонидани маводи нашъадор доир гардид.

Тавре масъули Хадамоти матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, маводи сӯзонидашуда натиҷаи фаъолияти милитсияи Суғд буда, он дар доираи тадбирҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира гардидааст.

Дар ин рӯз тибқи далелҳои шайъии ҳалнома ва таъйиноти судии аз рӯи 256 парвандаи ҷиноятӣ ба тасвиб расида, қариб 700 килограмм намудҳои гуногуни маводи нашъадор, аз ҷумла, 25 кг 265 гр героин, 422 кг 688 гр ҳашиш, 143 кг 892 гр афюн, 37 кг 214 гр бангдона, 5400 ниҳоли кӯкнор, 94 ниҳоли бангдона, 9 ампула фенобарбитал дар асоси иҷрои варақаҳои судӣ  дар оташдон сӯзонида шуданд.

Сентябрь 2, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид