Ду сайёҳи хориҷӣ беморхонаи деҳаи Басиди водии Бартангро навсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намуданд

Сентябрь 4, 2019 13:37

ХОРУҒ, 04.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ду сайёҳи хориҷӣ, ки яке аз  Швейтсария ва дигаре аз Германия мебошанд, баъди саёҳати пай дар пай ва расидан ба деҳаи Басиди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон  қарор доданд, ки беморхонаи ин деҳаро таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намоянд. Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дод.

Сайёҳ аз Швейтсария Томас Копон гуфт, ки «бори аввал соли 2016 ба ин водӣ сафар карда будам. Он замон зуд бо сокинони маҳаллӣ шинос шуда, ҳатто дар чанд маъракаи хурсандии онҳо ширкат кардам. Ҳоло хурду калони деҳа маро мешиносанд.  Инҳо мардуми хеле одӣ, самимӣ ва меҳрубону меҳмоннавоз мебошанд. Дар ҳамин ҷо бо сайёҳи дигар аз Германия Гизела Бондис шинос шудам. Ҳарду ба ин қарор омадем, ки аз худ дар ин деҳаи дурафтода ёдгорие боқӣ бимонем. Гизела таклиф кард, ки беморхонаи деҳаро таъмир кунем. Ман ҳам розӣ шудам».

Таъмиру таъмини беморхона бо таҷҳизоти тиббӣ аз соли 2016 оғоз ёфта, аввали моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сардухтури ин беморхонаи минтақавӣ Мамадёр Қазоқов гуфт, ки «бинои беморхона комилан навсозӣ шуд ва дар корҳои сохтмонӣ аҳли деҳа довталабона ширкат намуданд. Барои таҷдиди бино ва таъмини беморхона зиёда аз 950 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Беморхона дорои чор кати хоб барои маризон, озмоишгоҳ, ошхона ва дорухона буда, таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби сайёҳон  харида шуданд. Аз ҷумла, дастгоҳи барқии муоинаи дил ва ташхиси ултрасадо аз Германия интиқол ёфта, аз тарафи мутахассисон васлу насб гардиданд. Панҷ нафар табибони беморхона барои такмили касб ба давраи омӯзишӣ ҷалб карда шуданд».

Дар маросими ифтитоҳи беморхонаи минтақавии деҳаи Басид Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ширкат намуда, барои ҳамкорию дастгирии сокинони ин деҳаи дурдаст ба сайёҳони хориҷӣ изҳори сипос намуд.

Масофа байни деҳаи Басиди водии Бартанг ва маркази ноҳияи Рӯшон 80 километр буда, дар фасли зимистон бар асари боронгариҳо сокинон наметавонистанд сари вақт беморони вазнинро ба маркази ноҳия интиқол диҳанд. Баъди навсозии беморхонаи минтақавӣ ин мушкилот бартараф гардид.

Сентябрь 4, 2019 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид