Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мегардад

Сентябрь 4, 2019 10:09

ДУШАНБЕ, 4.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саросари Тоҷикистон Рӯзи китоб бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ҳанӯз 12 сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба  бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад».

Бояд гуфт, ки тайи 28 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари оқилу дурандеши давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид. Далели ин гуфтаҳо баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» мебошад, ки бевосита таҳти сарпарастии Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони  мамлакат доир гардида истодааст.

Озмуни мазкур бори дигар дар дили ҳар як фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба  китобу китобхонӣ шӯълавар намуд. Зеро тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории мамлакати мо аз таърихи китобхонаҳои кишварҳои дигар қадимтар буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.

Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода иброз намуд, мақсад аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ..»-ин ҷалби мардум ба китобу китобхонӣ мебошад.

«Дар асоси Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории озмуни мазкур Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ қарори махсус қабул кардааст, ки тибқи он дар тамоми китобхонаҳои мамлакат ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил гардидааст. Мақсади ин ситодҳо  аҳолиро бо китоб таъмин намудан мебошад. Дар радифи ин аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Китобхонаи миллӣ ҳамаи номгӯи китобҳое, ки дар рӯйхати озмун оварда шудаанд, дар шакли электронӣ омода карда шуда, ба тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ ирсол карда шудаанд»,-афзуд Қурбон Ғуломзода.

Ба иттилои мавсуф, даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳо доир гардида, айни ҳол ба даври ҷамъбастии озмун хонандагон тайёрӣ дида истодаанд ва то имрӯз аз тарафи хонандагон оид ба набудани китоб дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ шикоят ворид нашудааст. «Тибқи низомнома, даври аввал дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо интихоб ва ба даври ниҳоӣ пешниҳод шудаанд. «Вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла занони хонашин, нафақахӯрон, кормандон корхонаву идораҳо кор барад. Мақсад аз пешниҳоди рӯйхати китобхонаҳо он аст, ки хонандагон бо осори адибони классику муосир ва  ҷаҳонӣ шиносо шаванд»,- зикр намуд намояндаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ато Мирхоҷа вобаста ба озмуни мазкур чунин ибрози андеша намуд: «Яке аз иқдомоти ниҳоят муҳим ва ташаббуси хеле камназири роҳбарияти олии давлат дар ин масъала, бахусус нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллатро бояд таъкид намоем. Чунки эҳсос карда шуд, ки вазъияти китобдорию китобхонӣ дар ҷумҳурии мо батадриҷ заиф мегардад ва яке аз воситаҳое, ки ин вазъиятро аз ҳолати карахтӣ берун меорад, ин барпо кардани озмун аст. Ин озмун на танҳо дар Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Миёна, балки дар тамоми ҷаҳон назир надорад. Зеро таваҷҷуҳ кардани  Сарвари давлат ба китобхонии мардум, махсусан насли ҷавон аз сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарварона далолат медиҳад».

«Ба озмун беҳтарин асарҳо интихоб гардидаанд. Масалан китобҳои яке аз нависандаҳои барҷастаи халқи тоҷик, сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар ин ҷо таъкид шудаанд»,- мегӯяд Ато Мирхоҷа. Ба андешаи ӯ, ғолиби озмун бояд ҳатман аз онҳо огоҳ бошад, зеро бидуни шак метавон гуфт, ки дар осори ҳеҷ як адиби тоҷик ба андозаи осори устод Айнӣ масоили миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ғаму дард, шодию нишот, шебу фароз ва бурду бохти миллати тоҷик матраҳ нагардидааст.

«Айнӣ аз аввалин лаҳзаҳои фаъолияти адабӣ, илмӣ ва сиёсиаш ба ғаму дарди ин миллати ҷафокаш шарик буд ва гуфтан метавон, ки ӯ бо дарду сӯзи ин миллат мезист. Масъалаи худшиносии миллӣ аз муҳимтарин мавзӯоти осори устод Айнӣ буда, дар аксари навиштаҳои ӯ гоҳе кушоду равшан ва гоҳе ба тариқи рамзу дигар воситаҳои тасвири бадеӣ сухан рафтааст. Аз ин хотир хондани осори устод Айнӣ барои ҳар нафари мо шарту зарур аст»,-таъкид намуд ҳамсуҳбат.

Ба гуфтаи ӯ, дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ таърихи гузаштаи мардуми тоҷик ва муносибати фарҳангии ин халқ ба сохти иҷтимоӣ муайян карда шудааст.

«Дар тӯли солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷумаиҳолии «Ёддоштҳо» ба табъ расид, ки дар авроқи он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи ҳаёти халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтаанд. Ин асари безаволу беназир, ки ҳам дар баёни ҳақиқати зиндагӣ, ҳам фарогирии хулосаҳои амиқи пурҳикмат ва ҳам дар нигориши бадеию офариниши образҳои мухталиф ба авҷи камол расидани маҳорати адабии нависандаро нишон медиҳад, на фaқат дар эҷодиёти ӯ мавқеи марказӣ ишғол намудааст, балки яке аз муваффақиятҳои ба назар намоёни адабиёти тоҷик дар солҳои пас аз ҷанг эътироф гардидааст»,- изҳор медорад муовини Раиси Иттифоқи нависандагон.

Ба таъкиди ӯ, яке аз асарҳои барҷастаи устод Айнӣ, ки солҳои дароз болои он кор кардааст, «Ёддоштхо» мебошад.

«Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори мукофоти давлатӣ низ гардид. «Ёддоштҳо» аз чаҳор ҷилд иборат буда, рӯзгори як давраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қаҳрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои то ғалабаи инқилоб, ки устод Айнӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд, бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтаанд. Аз ин хотир, он дар адабиёти тоҷик ҳамчун асари ёддоштӣ ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштҳо» бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ҷойгиранд. Аз ин рӯ, «Ёддоштҳо»-ро метавон ҳамчун маҷмӯи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод»,- илова намуд номбурда.

Ба зикри Ато Мирхоҷа, соли 1950 барои ду ҷилди аввали «Ёддоштҳо» нависанда сазовори Мукофоти давлатии ИҶШС гардида буд.

Дар замони барои тоҷикон тақдирсози садаи 20-ум устод Садриддин Айнӣ бо осори гаронбаҳо ватандорони аслӣ ва ҳақиқӣ будани тоҷиконро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври барҷаста собит сохтааст.

Бояд тазаккур дод, ки Рӯзи китоб ва баргузории озмуни мазкур ҷомеаро ба арҷ гузоштан ба осори адибону олимон, инчунин мутолиаи мунтазами китоб ҳидоят мекунад.

Ин байтҳои ҷовидонаи шоири бузург Абдураҳмони Ҷомиро метавонем чун хотимаи гуфтаҳоямон дар васфи китоб-ин ганҷинаи бебаҳои ҳастӣ  манзур намоем:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ

Сад роҳате асту ҳаргиз озоре нест.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2019 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
4 нафар довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд
Имрӯз ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷоизаҳо супорида шуданд
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид