Иштирок ва суханронии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ

Сентябрь 26, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 26.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  25 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони «Ҳамкорӣ байни СММ ва созмонҳои минтақавӣ дар пойдории сулҳу суботи байналмилалӣ: нақши СҲШ, ИДМ ва СААД дар муқовимат бо терроризм» иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад,  Сироҷиддин Муҳриддин аз афзоиши сатҳи терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳори нигаронӣ намуда, нақши созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла СҲШ, ИДМ ва СААД-ро ҷиҳати пурзӯр намудани кӯшишҳои СММ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ кард.

С. Муҳриддин инчунин таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла тариқи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», ки 16-17 майи соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷалб кард.

АКС: ВКХ ҶТ

Сентябрь 26, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад